Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Биталомуси мисрӣ дид, ки чӣ гуна миёни абрўи ў гиреҳ афтида ва чин дар ҷабин дорад. Чизе афзуданӣ буд шоҳзодаи мисрӣ, раво надид. Аз Искандар бад шунавад. Баъди он ки муросокории ўро Искандар дарёфт, фармуд:
— Бале, Питолома, ин баднамоҳо рафтори безеб доранд, мурдаи якрўзаро садсола гардонанд... – хеле хомўш монд Искандар.
Чун аз Биталомус садое наомад, афзуд: — Устухони мурдаи навро барои сагон кўҳна нишон диҳанд.
Фурсату айём сўҳбатбоб набуд. Искандар барои ба даст овардани мурда ё зиндаи шоҳ Дорои Кудумон шитоб дошт, вале ин мурғони пайгир ўро безобита мекарданд.
— Ў медида бошад? – гарданашро пурра ба пас тоб дода пурсид Искандар.
— Мебинад.
Биталомус намедонист, ки Искандар киро дар назар дорад, ба ҳар ҳол чунин посух дод.
— Коллисфенро мегўям.
— Ў ҳамабин аст. Ягон чиз аз назари ў дур нахоҳад монд.
— Ростин гўйӣ ё киноя занӣ?
— Ростин гўям, шоҳ. Аз шунидааму донистаам Коллисфен ҳамаро нуқта ба нуқта нигорад.
— Ҳама рафтору кирдори юнониёнро... – гуфт Искандар ва нигарон шуд, ки Биталомус чӣ гўяд ба оҳанги сухани ў. Шоҳзодаи мисрӣ пай бурд норозигии шоҳро. Зери косаро, ки намедонист, чизе нагуфта хомўш монд ва Искандар, ки торафт ба селаи мурғони бўйгир наздик меомад, сухани зиёдро бори гарон ҳисобида майл бар гардани Бусефал карда ба пеш менигарист.
Чун дер хомўш мондани Биталомусро дарёфт, каме асбашро ба асби ў ҷавс оварда, гуфт:
— Аввалҳо хуб медид ҳамаро... Ё вайрон шуд ё вайрон карданд... Ҳолиё аҳён-аҳён мебинад... Хоҳад мебинад, нахоҳад намебинад...
— Ягон кори ноҷояшро дидӣ, Александр?
— На... Надидаам... Эҳсос мекунам...
— Чӣ гуна?
— Майлаш ба юнониён зиёд бошад. Мақдуниёнро надида гирад...
— Ман пай набурдаам.
— Оре, ту пай нахоҳӣ бурд. Зеро ту раҳмдилӣ ва ба чунин чизҳо эътибор додан кори ту набошад.
— Магар ман барои ту ва барои Мақдуниё бегонаам?
— На, ту бегона найӣ...
Чизе гуфтанӣ буд Искандар, ё ҳарфи мувофиқ наёфт ва ё ба гуфтан забонаш нагашт. Биталомус пай бурд, ки Коллисфени торихнигор ҳам аз боварӣ баромааст ва ҳам ҳадафи ғазаби шоҳ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё