Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Иштиёқе, ки ба дидори ту дорад дили ман,
Дили ман донаду ман донаму донад дили ман11.

Боҳир Қаюм ҳамоно ҷисми хешро аз пушти тиреза ба қафо гирифт, ҳаминаш намерасид, ки боз кадом худонотарсе тири дигарро ин даъфа ба пешонааш ҷой намояд.
Вуҷудаш ҳатто аз чунин хаёли ноҷо биларзид. Аз он ки ӯ дар иштиёқи рӯйи ёр аст, ҷои баҳс ҳам набуд. Як иштиёқ ҳанӯз охири кор нест. Барои ба ҷамоли ёр расидан талош мебояд, вагарна бо сухтаму пухтам гуфтан ба ҷойе нарасӣ, мисли оне, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.
– Агар ба висоли ёр расидан хоҳӣ андеша намо, вагарна баъди сари ту ӯ монаду чанд хору хасе…
– Чи фикрҳои ботиле имрӯз дар майнаам чарх мезананд, аз фикру андешаи зиёд сарам чарх мезанад.
– Андеша намо.
– Андешаи чӣ?
– Андешаи оне, ки кадоме қасди ҷони ӯ дорад?
– Гуфтам– ку ман аз дӯстонам домангир нестам.
– Тамом?
– Тамом.
– Ин ҳанӯз анҷоми кор нест.
– Аслан ин китобро ман аввалашро ҳам надидам.
– Ту надидӣ, вале онҳо диданд.
– Киҳо?
– Ҳамонҳое, ки туро аз Субҳия ҷудо кардан мехоҳанд.
– Субҳия гуноҳе надорад, ёру дӯстонаш ҳам.
– Чӣ хубе.
– Боз чӣ мехоҳед?
– Асли воқеаро…
– Исто, исто…
– Чӣ буд чаро хомӯш шудӣ?
– О, ҳамон субҳ дар Новокузнетский вақте ки банда ба варзиши пагоҳирӯзӣ машғул будам, аз як кунҷи ҷангал шарора ва дуди ғализеро дидам ва боз он ду нафарро бо ҷомадонҳои вазнин.

пешина
аз 515
навбатӣ