Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

... 28 …
– Ба анҷоми амалиёт чӣ баҳо медиҳӣ?
…
– Хомӯшӣ ҳа, охир чи ҳам мегуфтӣ, ин даъфа киллери ёфтаат ҳатто ба нишон нарасонд.
– Чӣ хел нарасонд, о вай дар беморхона –ку?
– Ана ҳамин аст бадбахтии мо, дигар ӯ дастнорас аст, мефаҳмӣ ва баъди ин амалёти мо ӯ боз дурустар андеша хоҳад кард.
– Андешаи чӣ?
– Андешаи он ки кадоме ба ҷони ӯ қасд дорад.
– Пас ӯ ягон чиз дар бораи мо намедонад?
– Кӣ гуфт?
– Аз суханони шумо чунин бармеояд.
– Дар бораи мо ӯ ҳама чизро медонад, фақат ному насабамонро намедонад ва рафту агар моро дастгир намоянд, ӯ моро мешиносад. Албатта, алакай ба милиса гуфтагист, ки ду ҳамдиёрамонро дар канори яке аз ҷангалҳои Новокузнетский дидам, ки тахминан дусад – дусаду панҷоҳ метр дуртар автомашинае оташ гирифт ва дудаш то ба фалак печид…
– Шояд ҳама ин ҷаҳду талошҳои мо барабас бошад ва ӯ ҳатто он ҳодисаро ба гӯшаи хотир ҳам набиёрад. Охир дар он субҳ мо ҳамроҳи вай суҳбат накардем, аз куҷо медонад, ки мо чи касу чи кора будем.
– Мо ку вайро шинохтем, о худат нагуфтӣ, ки боре ҳамроҳи ӯ дар ошхонаи заводи металургӣ якҷоя тановул намудед.
– Ман гуфтам, вале дар ҳамон лаҳза ӯ маро ҳам нашинохт, рафту агар мешинохт истода аҳволпурсиам мекард. Не, ӯ маро нашинохт.
– Вале худат ӯро шинохтӣ, ҳамин хел?
– Ҳамин хел, охир ному насабашро ҳам ман ба шумо гуфтам.
– Пас чаро гумон мекунӣ, ки ӯ ному насаби худатро намедонад?
– Чунки баъди анҷоми тановули нисфирӯзӣ ӯ ба ман «визитка» – ашро дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё