Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ту чӣ?
– Шумо нағз медонед, ки ман ҳеҷ гоҳ «визитка» надоштам.
– Вале ному насабатро гуфтӣ, ҳамин хел не?
– Намедонам, дар ёдам нест.
– Ба ёд биёр, гуфтӣ ё не?
– Гуфтам– ку дар ёдам нест ва ман аз куҷо медонистам, ки ҳафтае пас бо ӯ дар канори ҷангал рӯ ба рӯ меоем.
– Мани беақл боз гумон кардам, ки вай ному насабамонро намедонад, бехабар аз он ки худат ба ӯ ному насаб он тараф истад ҳатто дар куҷо кор ва зиндагӣ намуданатро гуфтаӣ?
– Не, дар ин бора ман сухане ба забон наовардаам, агар гуфта бошам ҳам номамро гуфтам.
– Шояд дар ҳақиқат ҳамаи ин «ҷаҳду талошҳои» мо беасос бошанд, чи зарурате буд қасд ба ҷони вай намудан? Тарс одамро ба ҳар роҳ мебурдааст ва бубин аз тарс мо то ба куҷоҳо қадам ниҳодем. Алакай хуни ду тан бирехтем, не дурустараш хуни як нафар ва хуни дуюмаш хунбаҳои вай ронандаи бечора буд. Ҳа, хуни як нафар пурра дар гардани мост ва ба ҳаминаш ҳам қаноат накардему боз қасди ҷони он ҳамдиёри хеш, ки моро ҳазорҳо фарсах дур аз ин сарзаммин дида буд намудем. Ҳоло ӯ дар кадом вазъ қарор дорад намедонам, вале баъди хок хӯрдани тири мо милиса ӯро чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳад кард, то ҳақиқатро рӯйи об барорад. Мо аз тарс ба ҷиноятҳое даст задем, ки ақли одамӣ намегирад, бехабар аз он ки вай одам ҳатто аз мо гумонбар нест. Агар ӯ аз мо гумонбар мешуд, кайҳо моро дастгир намуда буданд. Мо ба коре даст задаем, ки дигар аз он халосӣ нест. Тарс ва танҳо тарс вуҷуди моро ба ларза овард ва ба ҷинояти вазнин тела дод. Мо алакай қонунро зери по намудем ва дигар роҳи бозгашт надорем. Рафту то ба имрӯз ӯ аз мо домангир набуд, акнун домангир хоҳад шуд, ба ивази ҷони худаш ӯ сари моро ба зери дор хоҳад кашид… Не, акнун моро роҳи бозгашт нест, ё мо ӯро ба он дунё роҳхат медиҳем, ё вай моро ба маҳкама мекашад, роҳи сеюм нест,– аз дил гузаронд вай ва бо овози шунаво гуфт:
– Эҳтимол номатро гуфта бошӣ, вале барои милиса ҳаминаш ҳам кофист.
– Чӣ бояд кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё