Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Намедонам.
– Ӯро ба ҳоли худаш гузорем чӣ?
– Ин баробари сари хеш ба бод додан аст. Исто, ки ҳоло вай киллер дар куҷо?
– Ӯро тариқи бармен ёфтан мумкин.
– Бармен дар бораи кирдорҳои пасипардагии вай ягон маълумот дорад.
– Намедонам. Ҳамон шаб мо бо азобе ҷон ба саломат бурдем, ҳарчанд амалётро дар як муддати кӯтоҳ бо тамоми ҷузъиёти хурдтаринаш тарҳрезӣ намудем.
– Дар беморхонаи шаҳрӣ ягон шинос надорӣ?
– Не.
– Ягон чора ҷустан лозим.
– Чӣ хел чора? Худатон гуфтед, ки вай дар ошёнаи сеюм.
Дар ҳамон самте, ки вай хоб аст, умуман ягон бинои баландошёна он тараф истад, ҳатто дуошёна нест.
– Гуфтам, вале ин маънои онро надорад, ки дастҳоро болои ҳам монда интизор шавем, ки кай милиса омада ба дастонамон кишан зада моро мебарад.
– Мо ҳоло ҳам ба анҷоми неки амалиёт умед баста метавонем?
– Чаро не. Пул ҳама корро ҳал мекунад ва шукри Худо, ки мо дар ин ҷода дасткутоҳ ҳам нестем. Танҳо дурустар андеша намудан лозим, ки киро ба ин кор ҷалб намоем.
– Не, киллер дигар аз ӯҳдаи ин кор намебарояд.
– Медонам, модоме ки вай дар ҳамон шаби хомӯшу торик дар рушноии чароғи барқӣ як суроби калонро дуруст ба нишон гирифта натавонист…
– Шояд, аз баҳри ин кор бароем?
– Моро дигар роҳи бозгашт нест ва ҳарчи тезтар ҳамин амалиётро анҷом диҳем, ҳамон қадар тезтар ба бехатарии хеш заммима мегузорем, – гӯён ӯ нақшаи навбатии чӣ тавр дар беморхона аз байн бардоштани Боҳир Қаюмро ба ёвараш, ки аслан дасти росташ ҳисоб мешуд, фаҳмонда дод.
– Нақшаи бад не.
– Ба пеш! – гӯён ҳарду аз дар баромаданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё