Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

... 29 …
Абдумаҷидов танҳо дар нимаи дуюми рӯз ба дари муфаттиши прокуратура ангушт зад.
– Хайрият меомадед,– аз ҷой ба истиқболи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бархеста гуфт соҳиби дафтари корӣ.
– Маҷлис анча тул кашид.
– Нисфи рӯзро сарфи маҷлисбозӣ намуда, боз онро анча меномед,– бо як ҷиддияте бигуфт муфаттиш.
– Маҷлису маҷлисбозӣ асосан ин бозёфти мо нест.
– Чӣ магар онро аз куҷое ба гардани мо экспансия намуда оварданд?
– Намедонам, вале онро роҳбарият як навъ ҷазои ниҳои баҳри зердастон фикр карда баровардаанд.
– Ба фикрам аз ин маҷлису маҷлисчаҳо ягон суде нест ва онро роҳбарият чун тасалои дили бемор баҳри хеш кашф намуданд, то зердастон бифаҳманд, ки калонҳо шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта дар андешаи кушодани ҷиноятҳо сӯхта хокистар шуданд, ҳол он ки ҳамаи ин ба чашми давлат хок пошидан аст.
Модоме, ки худи калонҳо, ман на ҳамаро дар назар дорам, ягон назарияи дурустеро дар ин самт пешниҳод карда наметавонанд, аксарашон бо роҳи ришва ва тағобозӣ сари қудрат омадаанд, маҷлису маҷлисчаҳоро чун воситаи дилсӯзӣ ба курсии насибгашта истифода мебаранд, ба ҷойи дар амал нишон додани донишу таҷрибаи хеш онҳо бо гапфурӯшӣ рӯз мебаранд…
– Хайр бало ба пасашон, хуш бигӯед, ки банда чаро яку якбора ба шумо лозим шудам.
Муфаттиш сухане нагуфта, парвандаи ҷиноиро, ки андаке пеш аз омадани Абдумаҷидов ба сейф гузошта буд аз нав берун овард ва хулосаи ташхиси – баластикиро, ки сари субҳ гирифта буд, аз байни он берун оварда, ба дасти майори милиса дод.
Чун Абдумаҷидов ба он қоғазҳои сеҳрнок шинос шуд, лаҳзае ба андеша рафт: – Аслан ӯ чи ҳам гуфта метавонист? Аз хулосаи ташхис ҳамон қадар маълумоте ба даст овард, ки худи муфаттиш ҳам овардааст. Ба суолҳои муфаттиш мебоист ҷавобҳои саҳеҳтаре медонанд, вале ин ҷо…
– Хуш, чаро хомӯшед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё