Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ гӯям?
– Гап занед, ки бо ин таппончаи ёфтагиатон чӣ кунем?
– Бо таппонча ҳеҷ чиз, он алакай дар дасти мост.
– Баҳс намекунам, вале моро лозим аст, ки аз куҷо омадани онро муайян намоем.
– Дар амал ин қариб, ки ғайриимкон аст.
– Маро натарсонед, охир дар суд сари ҳамин масъала бармегарданд.
– Албатта, вале то ба суд рафтани ин парванда фарсахҳо роҳ аст, мо ҳатто имконият дорем, ки пайроҳаи аслии ҳаракати таппончаро муайян намоем.
– Ҳаминаш басанда аст?
– Шумо маро нафаҳмидед?
– Чӣ хел?
– Аз рӯйи рақам заводи истеҳсолнамуда ҳаракати таппончаро то майдони набард гусел мекунад.
– Ба ақидаи шумо яроқ дар ҷанг будааст?
– Дигар хел шуданаш мумкин нест. Ҳеҷ гоҳ чунин навъи яроқ бе иштирок дар амалиёти ҷангӣ аз эътибор соқит карда намешавад. Танҳо ҷанг метавонад сари онеро, ки яроқ дар номаш ҳаст, сари командири гурӯҳ ва ё қисми низомиро сари мудири анбори яроқҳоро, агар онро аз худи анбор фурӯхта бошанд ҳифз намояд.
– Чӣ магар аз анбор ҳам яроқ мефурӯшанд?
– Ҷанг пеш аз ҳама табадуллот аст ва онро гурӯҳе баҳри ба даст овардани манфиатҳои хеш фурӯзон месозад. Бенизомӣ доираи фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткорро метезонад. Ба қавле нони онҳо болои равған мешавад, қонун мақоми хешро аз даст медиҳад. Дар чунин ҳолат онҳое, ки пуштибонии давлатро бар дӯш доранд, албатта на ҳамаашон, хушбахтона чунин шахсон ангуштшуморанд, баҳри бартараф намудани камбудиҳои то ба он вақт ҷойдошта дасту остин бармезананд. Иштиҳо дар таги дандон гуфтагӣ барин боз онҳо аз пайи ғундоштани сармоя низ мешаванд.
– Война всё спишеть, да?
– Спишеть, да и ещё как.
– Наход ягон илоҷаш набошад?

пешина
аз 515
навбатӣ