Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Гуфтам, ки ҳарчанд агар мо вайро дунболгирӣ намоем, аз корзор ё худ майдони набард берун нахоҳем шуд ва чунин майдонҳо дар миқёси собиқ давлатҳои муштаракулманофеъ хеле зиёданд.
– Аз он майдонҳо то ба ин ҷо омаданашро гӯед?
– Дигар пайроҳаи онро муайян кардан ғайриимкон аст, чунки он бо роҳи криминалӣ масофаи боқимондаро тай намудааст.
– Набошад ба таври расмӣ пурсиданамон лозим меояд.
– Албатта.
– Мо ҷавоби расмӣ хоҳем гирифт, ки таппончаи мазкур ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ дар минтақаи «Н»
гум шуд?
– Айнан чунин хоҳад шуд, ҳарчанд онро аз анбор ҳам бурда бошанд.
– Ба ростӣ ақли кас намегирад…
– Ҳақиқат талх аст, вале чунин аст. Дар воқеъ қариб фаромӯш намуда будам.
– Чиро?
– Ҳарчанд шумо моро ба маҷлису маҷлисбозӣ гунаҳкор намоед ҳам, вале мо шахсияти мақтули аз бинои нӯҳошёнаи кӯчаи Сулҳ афтидаро муайян намудем.
– Агар махфӣ набошад вайро чи ному насабест?
– Он кас Қобилов Некрӯз Хайрович, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон.
– Миллаташ қирғиз?
– Миллаташ тоҷик.
– Маълумотро аз Ҷумҳурии Қирғизистон гирифтед?
– Не, аз ШКД, ноҳияи Сино.
– Что то не верится.
– Андеша доред, ки ман шӯхӣ мекунам.
– Не, шояд бандаро дурустар ба рафти корҳои ҷустуҷӯӣ шинос намоед?
– 18 декабри соли гузашта аз назди тарабхонаи «Моҷаро»
Қобилов барои майдаавбошиаш ба милисаи ноҳияи Сино оварда шудааст ва суд ӯро ба муддати понздаҳ шабонарӯз ба ҳабс гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё