Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз посухи ШКД – ноҳияи Сино ман ҳамин қадар фаҳмидам.
– Барои муфассалтар муайян намудани шахсияти Қобилов ягон чора наандешидед?
– Дар ин бора тариқи телефакс аз номи сардори РКД - шаҳр ба шаҳри Боткент хабарнома фиристода шуд.
– Кай?
– Субҳи ҳамин рӯз.
– Ин чӣ парвандае шуд, ки риштаҳояш ҳатман ба хориҷи кишвар мебаранд?
– Намедонам.
– Аз Боҳир Қаюм ягон хабар нест?
– Нест.
– Шумо кормандони хешро, ки бехтарии вайро таъмин созанд, дуруст огоҳ намудаед?
– Назоратро худи Воҳид Камол ба дӯш дорад ва гумон мекунам, ки ӯ мардест аз баду неки ҷаҳон огоҳ…
– Бо Боҳир Қаюм кай вомехӯрем?
– Ҳар гоҳ ки вай худаш моро ба вохӯрӣ даъват намояд.
– Рафту даъват накунад – чӣ?
– Намеравем,тамом ва салом.
– Ин чӣ хел мешавад?
– Мо умед бар он мебандем, ки Боҳир Қаюм дар танҳоӣ истода, нӯги ин муамморо дармеёбад. Ӯ аниқ мефаҳмад онҳое, ки ду маротиба қасди ҷонаш намудаанд, осуда нахоҳанд шуд, то он замоне, ки сари вайро оғуштаи хун набинанд. Аз ҳамин лиҳоз гумон мекунам, ки ӯ худ моро то ба марра наздик мекунад.
– Аминам.
– Бо дуои шумо маро рафтанам лозим.
– Чӣ илоҷ. Шояд шуморо гусел намоям.
– Ташвиш накашед, – гӯён Абдумаҷидов аз ҷой бархест…

пешина
аз 515
навбатӣ