Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 30 …
Дар қаҳ–қаҳаи кабк дусад ҷангали боз аст,
Андар пайи ҳар ханда дусад гиря муҳайёст.
Абдумаҷидов дар рӯ ба рӯйи тарабхонае, ки ба суроғаш омада буд, лаҳзае ист намуд ва бори дигар ба навиштаҷоти болои он чашм дӯхт: «Моҷаро».
Чароғакҳои барқии ба ин ном пайвастшуда, ҳар замон самти ҳаракаташонро дигар намуда, гоҳ ба чап ва гоҳ ба рост мавҷ мезаданду чашми бинандаро мерабурданд. Чун шом кайҳо фаро расида буд, мавҷҳои «Моҷаро» – ро аз як фарсах роҳ ҳам дидан мумкин буд ва шояд ҳамин мавҷҳои зебо, ки ба он номи асрорангез ҳусни нав мебахшиданд, роҳгузаронро барои фароғату истироҳат ба сӯи хеш ово мекарданд, мисли оне, ки кабки дар қафаси сайёд буда, дигар ҳамҷинсони хешро бо фиреб ба сӯи хеш мехонаду онҳоро ба дом меандозад. Аз чӣ бошад, ки Абдумаҷидов дар як лаҳза ҳамин фикрро ба ёд овард, ҳарчанд ӯ барои чунин андешаронӣ асос ҳам надошт.
– «Моҷаро», – зери лаб такрор намуд вай. Гӯё номи дигар тухми анқо шуда бошад. Ин шаҳрдорон ба куҷо нигоҳ мекарда бошанд, наход боре ҳам андеша накардаанд, ки ин чӣ ном аст?
Ақли кас намегирад, наход кас ба тарабхона ба он ҷое, ки мардум барои осоишу фароғат меоянд, чунин номро раво бинад.
Аз номаш чунин бармеояд, ки мардумро на барои осоишу фароғат, балки ба низоъ ва хархаша даъват менамоянд. Ба чунин ном дигар на синоним лозим асту на антоним. Ё тавба… Чӣ фикрҳое дар сари ин соҳибкорони охирзамон меояд:
«Моҷаро»…
Баъди гирифтани посух ба хабарномаи фиристода аз ШКД
–1 дар ноҳияи Сино таваҷҷуҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нисбат ба «Моҷаро» хело афзуд. Мегӯянд, ки номи хуб ними давлат аст ва майори милиса дар ин бора нияти баҳс кардан ҳам надошт. Ҳарчанд акнун дар шаҳр дукону мағоза ва қаҳвахонаю тарабхонаҳо бар хилофи «Қонуни забон» номҳои нестандарҷаҳон доштанд, вале баъди дидани номи «Моҷаро» ӯ ба хулосае омад, ки соҳибкори нав он ҳама соҳибкорони пешинро бо ин номи асрорангезаш ба як нул зад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё