Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ташрифи бегоҳинаи Абдумаҷидовро сабаб дигар буд. Ӯ омадани ҷавобро аз шаҳри Боткент интизор нашуда, ба тарабхонае, ки зикраш дар боло рафту замоне аз пеши дари он Қобиловро барои майдаавбошиаш ба милиса бурда, ба муддати понздаҳ шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ кашидаанд, ташриф овард. Абдумаҷидов ба гирду атрофи хеш як назар намуд. Шояд дар ҳамин ҷое, ки ӯ акнун лолу ҳайрон рост меистод, ҳамагӣ бист – биступанҷ рӯз пеш сокини Ҷумҳурии Қирғизистон бо касе даст ба гиребон буд ва боз чандин каси дигар тамошобин.
Майдаавбошӣ ҳам чун ҳама авбошиҳои дигар «нағмаю усул»-и хешро дорад. Рост гуфтаанд, ки гов дар мулки бегона гӯсола менамояд ва аҷаб нест, ки «дуздони зӯр» (соҳибмулкон дар назаранд) соҳиби говро (Қобилов дар назар аст) набаста бошанд, барои кадом гуноҳаш.
Абдумаҷидов акнун афсӯс бар он хӯрд, ки ба «Моҷаро» бе тайёрӣ омад. Не, ӯ ба ин ҷо баҳри дубора низоъ ангехтан наомада буд ва тайёрӣ гуфта онро дар назар дошт, ки бояд тайи ин ду шабонарӯзе, ки тариқи телефакс ба шаҳри Боткент нома рафт, вай бояд ба ҳуҷҷатҳое, ки аз рӯйи онҳо суд Қобиловро ба муддати понздаҳ шабонарӯз ҳабс намуда буд, шинос мешуд.
Рафтори ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ мушти баъди ҷанг ба ёдомадаро мемонд, вале ӯ худро ба он таскин дод, ки дари «Моҷаро» ҳама рӯза ба рӯи мизоҷон чун чеҳраи пешхизмате, ки бори дуюм ӯро ба дохили тарабхона, ки шояд номаш то қофу қайсар рафта, бо як табассуми маҳине даъват намуд, боз аст ва аз пеши дари чунин ҷойи муқаддас пас гаштан фоли нек нест.
Ӯ лаҳзае даст ба киссаи дохили палтояш бурд ва чун боварӣ ҳосил намуд, ки расми Қобиловро бо худ гирифтааст, ба сӯи пешхизмате, ки қариб мизоҷонро аз ним фарсах роҳ ба тарабхона даъват менамуд ҳаракат кард.
– Марҳамат, акаҷон, марҳамат, – гӯён худи ҳамон духтарак як даст пеши бар, бо дасти дигараш дарро ба рӯйи мизоҷе, ки на кам аз панҷ дақиқа дар саҳни тарабхона бо худ сари андешаи дароям ё не – ро дошт, боз кард.

пешина
аз 515
навбатӣ