Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баробари пой ба остонаи тарабхона гузоштан духтараки дигаре аз байни толор ба тарафи вай қадам ниҳода, мизоҷро бо чеҳраи кушод хайрамақдам гуфта, ӯро то байни толор ҳамроҳи намуда, курсиеро баҳраш нишон дод.
Ҳарчанд Абдумаҷидов нияти дар кунҷе нишастан дошт, вале меҳрубониҳои пешхизматдухтарро дида сухани вайро нашикаст. Пешхизмат ду даст пеши бар ӯро бори дигар хайра мақдам гуфта, лаҳзае ҳам бошад ӯро ба ҳоли хеш гузошта, аз наздаш дур шуд. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки вай мехост мизоҷ ба номгӯи таомҳои тарабхона дурустар шинос шавад.
Аз фурсат истифода бурда мизоҷ бори дигар тамоми саҳни тарабхонаро аз назар гузаронид. Толори калону барҳаво ва нақшу нигори он чашми ҳар бинандаро мерабурд. Дар тарафи чапи дари даромадгоҳ як гӯшаи махсусе баҳри фурӯхтани машруботи спиртӣ ороста шуда буд ва марди паҳлавонҷусае дар хизмат омода буд. Дар рӯ ба рӯйи вай ду духтар ва се ҷавони сину солашон на зиёдтар аз ҳаждаҳ – бист сола болои курсиҳои баланди чархзананда обҳои пешниҳодкардаи он марди паҳлавонсуратро нӯши ҷон доштанд. Дар тамоми толор боз ду – се ҷо мизоҷон нишаста, машғули тановули шом буданд.
Дар тарафи рости даромадгоҳ, дар кунҷи бино саҳнаи баландтаре ба чашм мерасид ва Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки тарабхона дорои ансамбли миллии хеш аст.
Ҳарчанд шом кайҳо гузашта бошад, ҳам вале аз нисф зиёди мизҳо холи буданд, аз ансамбл бошад ҳатто нишоне ҳам ба чашм намерасид.
Абдумаҷидов бошад боз ҷаҳду талошҳои ҳамон духтараки пеши дарро, ки роҳгузаронро аз ним фарсах роҳ ба тарабхона даъват мекард ба ёд оварда аз дил гузаронид, ки шояд аз шунидани номи «Маҷаро» мизоҷон аз девори каҷ ҳазар гуфтаги барин даргурезанд, вале ҳамаи ин як хаёли ботил буду бас…
– Хуш чӣ мефармоянд? – гуфтани ҳамон пешхизматдухтаре, ки ӯро то ба сари миз оварда буд аз байни андешаҳо берун кард.
– Надонам, ман ҳатто ба номгӯйи таомҳо нигоҳ накардам,
– хандида гуфт вай.
– Чаро?

пешина
аз 515
навбатӣ