Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чунки тамоми ҳушу ёдам ба нақшу нигорҳои ин толори барҳаво банд буд, ман ҳайронам, чаро ин ҷо ниҳоят одам кам аст ва ё то ҳанӯз рекламаи шумо бе натиҷа аст?
– Дар «Моҷаро» соате пас агар сӯзан партоед ба замин нарасад.
– Набошад тезтар аз ин ҷо ҷон ба саломат бурдан лозим.
– Баръакс шумо соате пас аз ин ҷо рафтан ҳам намехоҳед.
– Чаро?
– Ҳар он чи ки дар зиндагӣ лозим аст дар «Моҷаро», илоҳо дар номаш гардам, муҳаёст…
– Шояд дурустар фаҳмонед, то ман нараваму пас афсӯс хурам.
– Не, ман ягон чиз ҳам намегӯям. «Моҷаро» на ба реклом ниёз дораду на ба дигару дигараш, сабр намоед пушаймон нахоҳед шуд, хуш чӣ мефармоянд?
– Ман баъди ин қадар суханҳои зебои шумо ба таъби нозукатон бовар мекунам.
– Шароб?
– Ҳарчанд банда наменӯшам, вале имшаб ба хотири гулгулшукуфии ҳамин тарабхонаи зебо менӯшам, фақат як шарт.
– Гӯш мекунам.
– Чун ман дар байни ин чор девори «Моҷаро» танҳоям якҷоя бо шумо нӯшам.
– Ташаккур, ман наметавонам, шеф агар фаҳмад кафшҳоямро пеши по мемонад, вале ман худам баҳри шумо оимчае мебиёрам, ки обро дар гулӯяш мебинед.
– Ба ростӣ ман бо шумо нӯшидан мехоҳам, шеф бошад аз куҷо мебинад?
– Илтимос ба он тараф нигоҳ накунед, ана ҳамон бармен шефи мост, ҳамаи ин ҷою ҷалол моли шахсии вай аст.
– Ҳа, акнун фаҳмидам, вале беҳтар буд, ки мо ҳардуямон дар як гӯшаи хилват панҷто – панҷто…
– Фақат ин ҷо не.
– Набошад кай вомехӯрем?
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале ваъда медиҳам, ки ягон бегоҳӣ, ки дар кор нестам бо шумо вомехӯрам.
– Дар ягон гӯшаи хилват?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё