Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Инаш ихтиёр шуморост, ки манро ба куҷо мебаред.
– Ба ҳаминаш ҳам ташаккур. Майлаш, барои сухани шуморо нашиканам дусад грамм аз ҳамон коняки панҷситорадораш…
Пешхизмат аз пайи супориши мизоҷ рафт ва Абдумаҷидов боз сари андешаҳои хеш монд.
– «Моҷаро» худаш реклом аст ва соате пас хоҳед дид, ки агар сузанд партоед ба замин нарасад, ба ёд овард вай суханони пешхизматро. Бад не, беҳуда майори милиса Абдумаҷидов вақти хешро сарф накарда будааст. Афсӯс, ки напурсидам, дар ин ҷо аз вай доруи зормондааш (героин дар назар ҳаст) ёфтан мумкин ё не.
«Ту чиҳо гуфта истодаӣ, о баробари шунидани ин сухан онҳо нисбат ба худат гумонҳои бад мекунанд» – нидо омад аз қалбаш.
– Андоза нигоҳ дор, ки андоза накуст, Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст, – зери лаб гуфт ӯ худро каме ҳам бошад тассалло дода…
Пешхизматдухтар ба назди бармен рафт ва аз он ҷо баҳри мизоҷи наваш коняк гирифт ва сипас ба тарафи мизи пеши ошхона, ки алакай болои лаълии калоне баҳри дӯсти наваш бо табъи хеш хӯрок гирифта буд ҳаракат намуд ва он графини хурди оби ҷонбахшро болои лаълӣ гузошта, болояшро бо матои сафеде пӯшонида онро бардошт ва хиромида – хиромида ба сӯйи вай ҳаракат намуд…
– Ана, ман омадам, гумон мекунам, ки ба шумо писанд меояд, – гӯён духтарак онро рӯи миз гузошта, ба ӯ иштиҳои том орзу намуда, ба тарафи дари даромадгоҳ ба истиқболи мизоҷи навбатӣ, ки ҳамроҳи ҷавонзани зебое ташриф оварда буд, ҳаракат кард…
Соате пас дигар дар толор ҷои нишаст набуд ва оркестр ҳам рӯйи саҳна омада, баҳри болидахотирии рўҳи мизоҷон созу тарабро ҷӯр намуд…
Аз сурудҳои миллӣ дида дар репертуари ансамбл сурудҳои ғарб мақоми бештаре доштааст ва ҳамин ҳолатро ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз дақиқаҳои аввали рӯйи саҳна баромадани навозандагони ансамбл дарк намуд. Дар зери мусиқиҳои ноҷӯр ва нофаҳми ғарбиёна аксари мизоҷон шарму ҳаёи шарқиро ба гӯшаи фаромушӣ дода, худро меларзониданд.

пешина
аз 515
навбатӣ