Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чашмони духтараконе, ки аз сад гулашон то кунун як гулашон нашукуфта буд, як нигоҳи пурасрореро дидан мумкин буд. Духтараки резапайкаре, ки аслан ба донишҷӯ монанд буд, бо марди калонсоле худашро ҷафс намуда, дар ҳавои мусиқии «Танго» оҳиста – оҳиста чарх мезад ва ба гӯши ошиқи якшабааш ким чиҳо гуфта механдид…
Нафаре рӯи саҳна омада ба гӯши роҳбари ансамбл чизе гуфт ва бо тамом шудани он мусиқии мулоими аргентинӣ (танго дар назар аст) яке аз навозандагон микрофонро ба даст гирифта, бо сурудҳои Лучино Повороти дили мухлисонро шод намуд…
Дар айни рақси «Валс» ду нафар даст ба гиребон шуданд ва валантиёрҳои ихтиёрии тарабхона бо азобе он дуро ба мувофиқа розӣ кунонданд.
Тайи ин муддате, ки ҳама ба рақсу бозӣ машғул буданд, пеши бармен аз мизоҷон кам намешуд. Ӯ ба ҳама бо чеҳраи кушод гуфтугӯ дошт ва Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки ҳамагон вайро нағз мешиносанд.
Пешхизматдухтар, ки номи хешро баҳри вай ифшо намуда буд, чандин маротибаи дигар наздаш ҳозир шуд ва ӯ ва боз онҳое, ки дар сари як миз бо ӯ буданд пурсид, ки чи каму камбудие ҳаст.
– Камбудие нест, – гуфт Абдумаҷидов, ки нияти ҳарчи тезтар сари хешро аз «Моҷаро» гирифтану гурехтан дошт, вале рӯҳӣ Некрўз Хайрович ӯро аз роҳ бозмедошт… Ҳарчанд расми Қобилов дар ҷайбаш буд, аз рӯи вазъи ба амаломада онро ба касе нишон дода наметавонист, чунки ҳама мизоҷон бо «Моҷаро» чун ҳалқа пайвастагие доштанд. Ҳама гӯё ҳалқаҳои як шадда буданд ва он шаддаро «Моҷаро» ном буда…
Абдумаҷидов фаҳмид, ки аз ин нигоҳу ғамзаҳои маст, ки саҳна дар зери пояшон меларзид матлабе ҷӯстан хатост ва бо Рухсора ҳисобу китобашро баробар намуда, аз ҷой бархест…

пешина
аз 515
навбатӣ