Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 31 …
Як ҳафта боз Боҳир Қаюм дар байни чор девори ошёнаи сеюми бинои беморхонаи шаҳрӣ дар байни андешаҳои бесару нуги худ монда буд. Ҳанӯз рӯзи дуюми ба беморхона омаданаш ӯ дафтари хотироти хеш варақгардон намуду аз он хотиротеро чун «барги сабз» ба саҳфаи дилаш ҷо кард…
Боҳир Қаюм метавонист ҳамон вақт тариқи милитсионери дар пушти дар буда ин хушхабарро ба гӯши муфаттиш ва ё Абдумаҷидов расонад, вале боз андеша намуд.
Ӯро танҳо як чиз азоб медод, ин ҳам бошад дур будан аз он духтараке, ки дӯсташ медорад. Бо ҳама нею нестонаш нигоҳ накарда, муфаттиш бо ҳам вохӯрдани ду дилдодаро маън карда буд ва ҳамаи инро сабаб чи буд, вай намефаҳмид. Ҳангоми дар дорулахлоқ будан ӯ бо мардуми касбу корашон гуногун, ки бозии қисмат мисли худи вай онҳоро низ бо ҷурму гуноҳе ба он ҷо оварда буд шинос шуд. Дар байни онҳо олимон ҳам буданду ҷинояткорони ашадӣ ҳам…
Боҳир Қаюм худ шоҳиди он буд, ки чи тавр марди хабаркаше, ки аз асрори маҳбусони мисли худаш дар зиндонбуда ба роҳбарият муассисаи ислоҳи меҳнатӣ хабар доду ҷони хешро аз даст дод. Доро ном марде, ки зиндониён ӯро «файласуф» ҳам мегуфтанд, ҳодисаи ба сари хабаркаш омадаро баҳри дигар маҳбусон чунин шарҳ дод: – «Сухан тирест пинҳонӣ, сухан шерест зиндонӣ, чу шер аз банд бурун гардад ту бозоварда натвонӣ»12…
Ба бузургии сухан ӯ ҳеҷ гоҳ шубҳа надошт ва борҳо аз забони мардумон шунида буд, ки сухани ноҷову бемурувват сари сабз ба бод диҳад.
Дигар ӯ хатареро низ ҳис намекард, чунки милиса гирди вайро чун девори бузурги Чин дар зери назорати хеш гирифта буд ва ба қавли мӯйсафедони кӯҳистон агар парранда нияти ба болои он девор баромадан мекард, пару болаш месӯхт ва ё агар чаранда ба он наздик мешуд ёлу думаш мерехт…
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарада онҳое, ки ҳимояи вайро ба дӯш доштанд бар он ақида буданд, ки қотил дар нимароҳ тавақуф нахоҳад кард. Ҳамин ҳолат ӯро маҷбур мекард, ки ба тақдир тан дода, муддате ишқи донишҷӯдухтарро аз сар бадар намояд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё