Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ ба ном бемор буд. Ҳар субҳ ҳамшираи шафқате, ки бо амри сардухтур ба палатаи вай вобаст шуда буд худаш омада, ҷароҳати дасташро тоза мекард, ва то бегоҳ аз аҳволи беморе, ки дар зери назорати махсус қарор дошт чанд маротиба хабар мегирифт. Дар беморхона эълон намудани «карантин» низ шояд аз ҳамин хотир буд ва рафтуомад ба назди беморон дар як чаҳорчӯбаи муайяне қарор дошт. Хуб буд ё бад, вале худи эълони «карантин» ба нафъи ҳамагон буд. Маҳз ҳамин ҳолат кори ҳомиёни ҳуқуқро ки акнун дар либоси ғайринизомӣ дар зери хилъати сафед чун корманди беморхона тартиботро риоя мекарданд, хело осон карда буд.
Воҳид Камол ҳимояи Боҳир Қаюмро ба зиммаи он милитсионерони ҷавоне вогузошта буд, ки дар либоси ғайринизомӣ ва бо аз бар намудани хилъати сафед касе онҳоро аз донишҷӯ фарқ намекард. Донишҷӯе, ки мехоҳад дар лаҳзаи фароғати хеш чор танга ҷамъ овард. Чунин донишҷӯён дар ошёнаи сеюми беморхона ду нафар буданд, як нафар дар пеши дари даромадгоҳ ва дигаре дар сари мизе, ки паҳлӯи дари палатаи ҳафтум меистод. Ҳар бистучаҳор соат пас донишҷӯён иваз мешуданд. Пас аз кор онҳо ба идора мерафтанд ва аз ҳамаи дидаю шунидаашон ба номи сарвари милиса гузориш менавиштанд…
Боҳир Қаюм ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки дар ин муддат Соро ном ҳамшираи шафқат ду маротиба майли ба назди вай даромадан намудааст. Дар ин бора донишҷӯ Ёсин
Сафо ба номи сарвари ШКД гузориши муфассале навишта, барои дар алоқа баромадан бо ҳамшираи шафқат Соро Азимова рухсат пурсида буд. Воҳид Камол худи субҳи фардо Абдумаҷидовро бо гузориши Ёсин Сафо шинос намуда супориш дод, ки аз қафои Азимова назорати оперативӣ таъин намоянд.
Ёсин Сафоро бошад, дигар ба беморхона рафтан маън намуданд то бифаҳманд Азимоваро чи фикру хаёлҳоест дар сар…
Боҳир Қаюм тайи чор – панҷ рӯз боз сари вохӯрии хеш дар канори ҷангали Новокузнетский бо ҳамдиёронаш андеша дошту андеша. Нохост ӯ ба ёд овард, ки бо яке аз он ду нафаре, ки ҷомадонҳои калон дар дасташон буд шинос аст…

пешина
аз 515
навбатӣ