Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳа, ҳафтае пеш аз он вохӯрии субҳгоҳӣ дар канори ҷангал ман бо яке аз онҳо дар ошхонаи заводи металургӣ шинос шудам. Ӯ ҳатто дар синааш зада гуфт, ки дӯсте дорад, ки бо губернатори вилояти Камерово шинос аст ва агар бандаро ёрие лозим бошад ӯ аз ҳамин дақиқаҳо ба хизматаш бармехезад. Бо дӯсти - дўсти губернатор шинос буду вале «визитка» надошт, ҳол он ки мани бе дӯст садҳо визитка дар ҷайбам аст. Дар пеши даҳон кутал нест ва ҳарчи ки хост гуфт. Аҷиб ки онҳо дар он субҳ аз куҷо омаданд, чаро маро дида қадаммониашонро сустар намуданд ва вай дӯсти губернатор ҳатто рӯяшро ба дигар тараф гардонид.
Ба фикрам ҳамин хел буд.
Боҳир Қаюм лентаи тахаюлоти хешро дар монитори хотироташ ба қафо тоб дода онро боз аз аввал мавриди тамошои хеш қарор дод…
Дар филми ба наворгирифтаи вай хатое набуд ва агар буд ҳам худи ба наворгиранда онро надид. Ӯ номи дӯсти - дўсти губернаторро ба ёд оварданӣ шуд, вале натавонист. Не чунин номи камчин ҳам набуд, ман аз аввал аҳмият надодам, гумон намудам, ки дар хаёлам меистад, вале ана натиҷааш…
Милитсионере, ки худро дар либоси табибон оро дода буд, дарро кушода хабар дод, ки ба айёдати эшон духтараш Шаҳло омадааст.
Боҳир Қаюм хилъати дарозашро ба бар карда, ба истиқболи ҷигарбандаш аз ҷой хест.
– Ҳа, дадаҷон, аҳволат чӣ хел? – сумкаи дар дасташ бударо болои миз гузошта, бо падар вохӯрӣ намуд Шаҳло.
– Аҳволам бад, ба қавле дар зиндон. Акнун ин милисаҳо ҳам чун гург худро дар ҷомаи меш гирифтаанд, намедонам то ба кай ин аҳол давом мекарда бошад.
– Боз каме тоқат намоед, дадаҷон.
– То ба кай?
– Боз ками дигар, ин ҳама ба хотири бехатарии худи шумост.
– Аз ҳама аҷибаш он ки ба назди ман ягон касро даромада намемонанд, на худиро ва на бегонаро ба ҷуз худату модарат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё