Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигарон гӯё ҳама душмани ман бошанду қасд ба ҷонам дошта бошанд.
– Онҳоро ҳам фаҳмидан лозим дадаҷон.
– Ман – ку вайҳоро нағз мефаҳмам, вале онҳо маро намефаҳманд.
Боҳир Қаюм мехост гӯяд, ки агар омаду рафти боз як нафарро (Субҳия дар назар аст) рухсат медоданд ӯ дигар даъвое ҳам намекард, вале нафас дар гулуяш монд…
– Ҳеҷ гап не, боз каме тоқат намоед, дадаҷон, ана ман ба шумо хӯроки гарм овардам, – гӯён Шаҳло ба нею нестони падар гӯш надода болои миз дастархон густурд ва аз термос ба косаи падар шурбо кашид.
– Гуфтам– ку иштиҳо надорам.
– Шурборо ман пухтам, дадаҷон як чашида бинед, – гӯён Шаҳло падарро ба таомхӯрӣ маҷбур кард.
Боҳир Қаюм чӣ тавр гузаштани ҷавонии духтарашро дар ёд надошт ва тайи ин даҳ соле, ки ӯ набуд Шаҳло ҳамон духтараки пахмоқмӯйи вай ба арӯси нозанине табдил ёфта буд. На ӯ ва на Шаҳло намедонистанд, ки ба мақсади бехатари оилаи вай сардори ШКД чораҳои махсус ҷӯстааст… Акнун ҳар қадами Шаҳло ва писари вай Баҳром, ки дар синфи шаш мехонд дар зери назорати милиса буд…
– Хӯроки бомаза пухтаи бачаҷон, ташаккур, – баъди тановули нисфирӯзӣ гуфт падар.
– Ана дидӣ дадаҷон.
– Баҳромро чаро наовардӣ?
– Баҳром ҳанӯз аз мактаб наомада буд, агар ман вайро интизор мешудам, тановули нисфирӯзии шумо тул мекашид. Онҳо боз хело суҳбат намуданд ва ҳамшираи шафқат омаду ба Шаҳло амри рафтан дод…
Боҳир Қаюм баъди рафтани Шаҳло байни он чор девори бетонӣ сари андешаҳои бесару нуги хеш монд.
– Аз чӣ бошад, ки номи дӯсти дӯсти губернатори Кемероворо ҳеҷ ба ёд оварда натавонист, ки натавонист…

пешина
аз 515
навбатӣ