Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 32 …
Субҳи рӯзи ҳаштуми баъди ҳодиса дар кӯчаи Сулҳ аз РКД шаҳри Боткент ба суроғаи раёсати шаҳри милисаи Душанбе тариқи почтаи электронӣ номаи ҷавобӣ омад. Дар нимаи дуюми рӯз мактуб алакай дар дасти Воҳид Камол буд ва боз соате пас Абдумаҷидов тариқи котибот онро ба даст гирифт. Ин даъфа Абдумаҷидов ба мазмуни номаи аз Боткент омада, дар дафтари кории Ирина Сергеевна Ким шинос шуд, ҳарчанд, ки Ирина Сергеевна инро намехост.
…Раёсати корҳои дохилии шаҳри Боткент дар асоси номаи
шумо таҳти рақами 8/354 аз 9.01 ва расми ба он иловашуда, ки тариқи телефакс ба суроғаи мо ирсол намудед, шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Қобилов Некрӯз Хайрович соли тавалудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Боткент, кӯчаи Манас хонаи 18/1, ҳуҷраи 24, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи махсус, ки тайи се соли охир ҳамчун беному нишон гумшуда эътироф шуда аст, тасдиқ мекунад. Илова ҳуҷҷатҳо дар 12 варақ.
Сардори РКД шаҳри Боткент, полковники милиса Мамадқулов А.А.
Аз ҳуҷҷатҳои ба нома иловашуда бармеомад, ки Қобилов муддате дар Ҷумҳурии исломи Покистон сабақ омӯхта, аз ҳамон ҷо бе ному нишон гум шудааст. Аз рӯи маълумотҳои тахминии вазорати амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Қобилов ба кадом як гурӯҳи террористие, ки дар минтақаи Кавкази
Шимолӣ фаъолият доштааст шомил будааст, ҳарчанд ҳамин сарчашма дар ин бора далелҳои мӯътаманде дар даст надоштааст.
Абдумаҷидов ҳуҷҷатҳоро ба даст гирифта бо Ирина Сергеевна худоҳофизӣ намуд. То кунун тафтишот чун аскари дар қатор рост истода буд, ки аз тангии саф дар ҷояш по мезанад, по мезад ва акнун саф ба ҳаракат даромадаву баҳри устувор қадам мондани аскар шароит фароҳам омада... Ин як ҳафта як қатор ҳаракатҳои ба ҳодисаи дар кӯчаи Сулҳ рухдода алоқаманд ба қайд гирифта шуд, лекин то кунун ягонтои онҳо натиҷаи дилхоҳ надода буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё