Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ях кайҳо шикаста буд ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳамроҳи муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф болои он яхпораҳои шикаста монда…
Бод онҳоро ба баҳри кушод мебурд. Ду тан рӯи ду пора яхи шикаста дар баҳри кушод…
Абдумаҷидовро танҳо хомӯшии Боҳир Қаюм ба ташвиш оварда буд. Ҳарчанд дар ин муддат ӯ дигар ба суроғи вай нарафт, вале аз гузориши милитсионер Ёсин Сафо бармеомад, ки духтараки ҳамшираи шафқат Соро Азимова ду маротиба кӯшиши ба назди Боҳир Қаюм даромадан намудааст. Ӯро мақсаду маром чӣ буд то кунун барои тафтишот маълум набуд.
Мешуд, ки Азимоваро ба милиса даъват намуда бо ӯ суҳбат намоянд, вале чунин тарзи муомила ин баробар ба шикасти амалиёт имзо гузоштан буд. Чанд рӯз боз Азимова дар зери назорати оперативӣ буд, вале то кунун назоратчиён алоқаи вайро бо нафаре, ки таваҷҷӯҳи милисаро бедор намуда тавонад, муайян карда натавонистанд. Баъди иваз намудани донишҷӯ милитсионер Ёсин Сафо Азимова низ дигар ҳаракати ба назди Боҳир Қаюм даромадан накард. Маҳз ҳамин ҳолат тафтишотро ба изтироб оварда буд ва ин ҳама хомӯшӣ хомӯшии пеш аз ҳуҷумро мемонд. Абдумаҷидов бар он ақида буд, ки онҳое қасди ҷони Боҳир Қаюм намудаанд, бо ягон роҳу воситаи дигар ин амали хешро ба анҷом расонидан мехоҳанд, вале он чи роҳу амал аст, касе намедонист…
Қарсак аз ду даст гуфтаанд ва рафту агар Боҳир Қаюм қадаме ба сӯйи онҳо мегузошт, нуран алонур мешуд ва дигар ҳоҷати ин қадар майна об кардан ҳам набуд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш ҳангоми аз назди Боҳир Қаюм баромадан Абдумаҷидов бар он ақида буд, ки Боҳир Қаюм нисбат ба онҳое, ки қасд ба ҷонаш доранд, ягон маълумот надорад, вале бо гузашти ин рӯзҳо ӯ ақидаи муфаттиши прокуратураро пазируфт, яъне медонад, вале гуфтан намехоҳад.
Ҳамин суханони дар зинапояҳои беморхона ҳангоми фаромадан гуфтаи Фурӯғи Шариф ҷон доштанд. Агар Боҳир Қаюм қадаме ба сӯи тафтишот мегузошт онҳое, ки қасди ҷонаш доштанд, алакай дар зери назорат буданд. Агар онҳоро дастгир намекарданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё