Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз мактуби Боткент бармеомад, ки оне бори аввал қасд ба ҷонаш намуда саҳван тирро дар синаи дигаре ҷо намуд, замоне дар Покистон хондаву сипас дар Кафқози Шимолӣ фаъолият намуда, ҳарчанд нисбат ба фаъолияти вай дар минтақаи Кафқози Шимолӣ бо далелҳои мустаҳкам асоснок карда нашудааст. Вале дар ҳодисаи мазкур боз як пайвастагие ҳаст, ин ҳам бошад ҳангоми қасд ба ҷони вай намудан истифода бурдани таппончаи навъи «РГ– 040», ки бо тири беовози «СП –3» муҷҷаҳаз будааст. Чӣ хеле ҳам набошад, ташхиси баластикӣ тири аз ҷисми Мухтор Ҳайдар буруновардаро ба ҳамон таппончаи аз дохили қубур ёфтшуда нисбат додааст.
Мутаассифона, дар ҷойи ҳодиса гилзаи он ёфт нашуд. Дар Боткент Қобиловро ҳамчун террорист муаррифӣ намудаанд ва маҳз ҳамин террорист қасд ба ҷони Боҳир Қаюм, ки вай низ гузаштаи на чандон софу беолоиш дорад намуда.
Чӣ метавонад собиқ ҷинояткорро, ки бо нуги қалам ҳазорҳо сар чорворо чун Гитлер ба конслагерҳо фиристодаасту оқибат ҷазои хешро аз давлат гирифтааст бо гурӯҳҳои террористӣ пайвандад?
Шояд Боҳир Қаюм аз худаш дида дар ғами ҷони аҳли хонаводааш аст ва намехоҳад, ки оқибат онҳоро мавриди истинтоқи гурӯҳои террористони навбаромад қарор диҳад. Модоме, ки гурӯҳои терористи нисбат ба Боҳир Қаюм дасту остин барзада, ӯро аз байн бардоштан мехостанд, чӣ лозим буд ба ҷони ҳампешаи хеш (Қобилов дар назар аст) қасд намуданд.
Не, дар ин ҷо мақсаду мароми қотил дигар аст ва ӯ Қобиловро баҳри он аз байн бардоштааст, ки рӯзе нашаваду собиқ террорист худашро ҳадафи тир қарор диҳад. Дар амалиёти мазкур Қобилов ба ивази музди муайяне чун киллер баромад намудааст, на чун террорист бо супориши «боло».
Абдумаҷидов қоғазҳои аз котибот овардаашро ба сейфи оҳанин гузошта, аз ҷой бархест. Ӯ дар чорраҳае монда буд, ки ба кадом самт ҳаракат карданашро намедонист. На ба шарқу на ба ғарб, на ба шимолу на ба ҷануб ва ӯро баҳри ёфтани роҳ қутбнае лозим буд, не беҳтараш раҳнаварде то дасташ бигираду ба пайроҳа барад ва бигӯяд, ки аз ҳамин пайроҳа набаро то ба қуллаи мақсуд мерасӣ…

пешина
аз 515
навбатӣ