Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдумаҷидов аз бинои милиса берун шуд. Ҳавои бегоҳирӯзӣ чун ҳама гуна рӯзҳои зимистони имсола сард буд. Офтоб алакай нияти ба ғуруб рафтан дошт.
– Кутоҳанд рӯзҳои зимистон чун умри одамӣ,– аз дил гузаронид Абдумаҷидов. Ӯро аслан дар ин нимаи дуюми рӯз ягон марому мақсаде ҳам набуд. Дар кӯчаҳои сарди зимистон қадам задан аслан барояш гуворо буд. Ҳамаи ин сардиҳо ба ёдаш Сағирдаштро меовард. Ба ҳама сардию барфаш Сағирдашт чун биҳишти рӯйи замин дар ёди вай монда. Боре ӯ баъди дарс ҳамроҳи ҷураҳояш ба лижаҳо саворшуда то таги деҳаи Олунӣ рафт. Чун нисфи шаб аз бозӣ баргашт, бибиаш рухсораҳои пурхуни вайро, ки аз хунукӣ кафидаву хуншор шуда ва боз хун ях баста дида ангушти ҳайрат газид…
Ӯ аз зинаҳои пеши милиса фаромада, ба самти ҷануб ҳаракат намуд ва андешаҳояшро дар рафти хабари аз Боткент гирифтааш гирд овардан хост. Аз он чи ки террорист дар шаҳри калон ҷой дигар наёфта ба «Моҷаро» ташриф оварда буд, ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ором намегузошт. Шояд ба тарабхона беасос чунин номро раво надида бошанд. Ин ҳафта ӯ дар бораи соҳиби «Моҷаро» Ғуфрон Саид тариқи Рухсора хело маълумот гирд овард.
– Не, Рухсора Некрӯз Хайровичро нашинохт ва Абдумаҷидов ба ӯ бовар намуд, чунки аз 10 то 25 декабр Рухсора дар Самарқанд буд ва ӯ баъди вохӯрӣ тариқи дигар каналҳои оперативӣ суханони Рухсораро мавриди санҷиш қарор дод ва ба дурустии суханони пешхизматдухтар шубҳае намонд. Дар бораи Ғуфрон Саид бошад нишондоди Рухсора хотирмон буд…
Аз он ки Қобилов ба «Моҷаро» ташриф оварда буд, дар мадди аввал ҷои изтироб ҳам набуд, чунки дар як ҳафтаи охир худи Абдумаҷидов ду маротиба меҳмони «Моҷаро» шуд ва касе ӯро аз дар берун накард. Хизматрасонӣ дар «Моҷаро» дар сатҳи баланд қарор дошт ва ҳар нафаре, ки боре меҳмони ин тарабхонаи номи асрорангездошта мешуд, боз орзуи дубора ба он ҷо рафтан мекард, вале ин ҷо шояд боз нимкосае зери коса буд, ки на ҳама медонистанд ва шояд ҳамин ном муаррификунандаи он нимкосаю коса буд: «Моҷаро»…

пешина
аз 515
навбатӣ