Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 33 …
– Ту вайро дидӣ?
– Киро?
– Киро, киро, о, ҳамон дугонаатро?
– Ҳа.
– Вай чӣ гуфт?
– Вай гуфт, ки ду бор кӯшиши ба назди бемор даромадан намуд, вале натавонист.
– Чӣ хел натавонист?
– Ҳамин хел оддӣ, он донишҷӯйи пеши дар вайро гардонидааст.
– Донишҷӯй он ҷо чӣ кор мекардааст?
– Чанд рӯзи аввал он ҷо милиса меистодааст ва баъд донишҷӯёнро ба ин кор ҷалб намудаанд. Ба фикрам онҳо низ огоҳонида шуданд, ки касеро ба назди вай бемор даромада намемонанд.
– О, худат гуфтӣ, ки дугонаат дар як нигоҳ морро аз хонааш мебарорад?
– Ҳа, гуфтам.
– Пас чӣ хел шуд, ки забони як донишҷӯйро наёфт?
– Намедонам.
– Пулро ба дасташ додӣ?
– Ҳа, албатта, бовар накунӣ рафта пурс.
– Пас ба ӯ нагуфтӣ, ки чаро баҳри иҷрои коре, ки алакай муздашро, ки баробари музди панҷсолаи кораш аст гирифтааст кӯшиш намекунад?
– Гуфтам.
– Гуфтӣ, вале канӣ натиҷааш?
– Вай чӣ кор кунад? Гуфтам– ку ду маротиба кӯшиши даромадан намудааст, вале вайро от ворот поворот.
– Шояд вай ҳамшираи шафқате, ки бо вай сару кор дорад…
– Ту чӣ ақлат дар ҷояш, вай хабаркаши милиса, мефаҳмӣ?
– Кӣ гуфт?
– Соро. Ҳа, Соро худаш гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё