Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба вай фаҳмон, ки ҳарчи тезтар ягон роҳашро ёбад, вагарна…
– Вагарна чӣ?
– Вагарна… хайр худат мефаҳмӣ?
– Ӯ як тангаи шуморо то кунун гум накардааст ва метавонад онҳоро баргардонад.
– Ҳам худат ва ҳам ӯ бояд фаҳмед, ки бо онҳое моро ба ин кор ҷалб намудаанд, шӯхӣ кардан нашояд.
– Онҳо гуфта киро дар назар доред?
Ҷавон нарангушташро ба тарафи боло бурд.
– Ман бошам гумон намудам, ки сарвари ҳамаи корҳо худат ҳастӣ.
– Не, ман ҳам акнун чун худату вай дугонаат дар бало мондаам.
– Чаро ман дар бало мемондам?
– Чунки ту ҳам мисли ману дугонаат акнун аз асрори онҳо воқиф гаштаӣ.
– О, ту хоҳиш кардӣ ва ман хоҳиши туро ба гӯши Соро расонидам, боз чӣ мехоҳед?
– Иҷрои корро.
– Ман дар беморхона кор накунам, чӣ кунам?
– Ба дугонаат фаҳмон, ки аз рӯйи ӯ шуда мо ҳар се метавонем дар бало монем.
– Не, ман дигар дар ин бора бо вай сухане нахоҳам гуфт, ана ҳамин ҷо бо худат хайрухуш мекунам. Хоҳӣ худат ба беморхона раву бо вай гуфтугӯ намо.
– Ту дигар маро дӯст намедорӣ?
– Дӯст медорам, вале дигар ин корро ба дӯш намегирам.
– Мехоҳӣ, ки вайҳо сари маро аз тан ҷудо созанд?
– Не, Худо нигоҳ дорад.
– Ақалан боз як маротиба ба хотири ман бо дугонаат гуфтугӯ намо, ҷонам шавӣ…
– Танҳо ҳамин даъфа ва дигар маро гаранг накун. Ту на ин ки худ, балки ману Сороро низ ба бало гирифтор мекунӣ,– гӯён духтар дар торикӣ ба сӯи хонаашон шитофт. Ҷавон дар зери шуои барқии пушти дарвоза дид, ки маъшуқааш вориди ҳавлиашон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё