Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ боз лаҳзае пушти девор истода, сипас дар оғӯши торикӣ ба самти муқобил ҳаракат кард…

… 34 …

Субҳия се рӯзи охир қариб, ки пеши дари беморхонаи шаҳриро охурҷа кард, вале аз ёри соҳибкораш нишоне надид.
Гумон мерафт, ки ӯро дар паси ҳафт қабат дар нигоҳ медоранд.
Бо ҳама кӯшишҳои хеш ӯро рухсати ба назди Боҳир Қаюм даромадан иҷозат надоданд. Хулоса, ӯ баҳри ёрӣ қадиму азалияш мактубчаи пурсӯзу гудозе навишта ба дасти духтараки ҳамсину соли худаш, ки ҳамшираи шафқат будааст дод ва аз пеши бинои беморхона дур шуд. Хуршед, ки дар рӯйи роҳ ӯро интизор буд ба истиқболаш дари паҳлӯро кушод ва Субҳия дар як мижа задан худро даруни таксӣ гирифт.
– Хуш, хешовандатро дидӣ?
– Ҳа, – дурӯғ гуфт Субҳия.
– Ман ҳам бояд ҳамроҳат мерафтам.
– Ба кадом хотир охир вай туро нашиносад?
– Ақалан ба хотири ту.
– Эй биё мон, ё ба сари ман нияти балоро овардан дорӣ?
– Чаро балоро меовардам?
– Ман алакай ба ту гуфтам, ки як хешбачаамон нияти маро фотеҳа кардан дорад.
– Ман чӣ?
– Туро намедонам, ба фикрам ба ғайр аз ком ситонидан туро ин мавзӯъ дилгиркунанда метобад.
– Ту ба ман маъқулӣ?
– Аз кай боз?
– Аз ҳамон рӯзи аз дарс гурехтанат.
– Ман нагурехта будам, балки муаллим маро аз дарс пеш кард ва ин рафтори муаллим боиси норозигии баъзеҳо шуд.
– Баъзеҳо гуфта киро дар назар дорӣ?
– Аҳли хонаводаро.
– Аслан ман аз он муаллимат то ба қиёмат қарздор.

пешина
аз 515
навбатӣ