Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Хубтар мешуд, ки ин маконро тезтар тарк мекардем. Бо муаллим бошад ягон рӯз қарзҳоятро баробар мекунӣ,– хандида гуфт духтар ва бо дасташ ба самти роҳ ишора намуд.
Хуршед муҳаррикро ба кор андохта, автомашинаашро ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ дароварда пурсид:
– Маликаро чӣ амрест?
– Моҳ ихтиёрашро ба дасти шоҳ месупорад.
Ронанда бо дасти чапаш чанбаракро дошта дасти росташро болои рони маъшуқааш гузошт.
– Ҳушу ёдатро ба роҳ гир, – таъқид намуд духтар.
– Ин ба гуфтан осон.
– Ҳушатро ба роҳ гир, ман бошам аз паҳлӯят то шаб гурехта намеравам.
– Чӣ шаб бо ман намемонӣ?
– Не, ман чунин имконият надорам.
– Як шаб, як шаб, шояд имшаб бо ҳам монем.
– Не гуфтам– ку, не ва барои шаб дар хона набудан сари маро сила нахоҳанд кард.
– Он рӯз ҳеҷ аз ёди ман намеравад.
– Кадом рӯз?
– Ҳамон рӯзе, ки худатро муаллим аз дарс пеш карду мо ба кӯчаи Қаротегин рафтем.
– Имрӯз ҳам баҳрат хотирмон хоҳад шуд.
– Ваъда медиҳӣ?
– Ваъда чӣ лозим дар ҳоле, ки мо алакай дар остонаи он кӯчаем, ё нияти маро дар ҳамин ҷо фаровардан дорӣ?
– Не, албатта.
– Набошад ба роҳ нигоҳ кун, – гӯён Субҳия ин даъфа сари андешаҳои худ шуд.
Аз он чи ки вайро ба назди Боҳир Қаюм даромада намонданд ба хулосае омад, ки вазъияти соҳибкор чандон хуб нест.
– Аҳволи ӯ чӣ мешуда бошад? – аз дил гузаронд Субҳия ва боз ҳамон суханҳои бибиашро: – «аз дунбаи насия дида шуши нақт беҳтар аст» – ро ба ёд овард ва ба хулосае омад, ки ба умеди Боҳир Қаюм нашуда, аз ҳамин таксисти почаканда намонад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё