Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳарчанд манзили фақиронаи Хуршед аз қуллаи коммунизм аз замин то само фарқ дошт, духтар дубора худро таслими вай намуд…
… 35 …
Баъди бозгашт аз прокуратураи шаҳрӣ прокурори ноҳияи Гулистон Ҳошим Бобохон муфаттиш Фурӯғ Шарифро ба назди хеш хонд. Даъвати муфаттиш ба ҳолате рост омад, ки Фурӯғ нияти ба хона рафтан дошт. Аслан ӯ мехост сари қадам ба милиса даромада, аз рафти корҳои Абдумаҷидов огоҳӣ пайдо намояд, вале ду – се маротибае, ки ба Абдумаҷидов занг зад касе гӯшакро набардошт. Маҳз ҳамин интизориҳои ноҷо сабаб шуду ӯ дар дафтари кориаш монд. Соат алакай ба ҳабдаҳ наздик мешуд ва ба қавле рӯзи корӣ ҳам поён ёфта. Шояд котиба омадани Шефро мунтазир буд ва баробари дар назди прокуратура тавоқуф намудани автомашинаи хизматии прокурор лаҳзае пас вай вориди дафтари кории муфаттиш гашта, ӯро ба назди сарназоратчии қонун хонд…
Мегӯянд, ки касе ҳангоми нӯшидани шир сӯхтааст дӯғро пуф–пуф карда менӯшад ва новобаста ба дери вақт Фурӯғ ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба таври ростхата ё мустақиман ба ҳодисаи шаби 7-ум ва 8-уми январ дар кӯчаи Сулҳ рухдода алоқаманд буданд, ба ҷузвдони қоғазине гузоштаву ҷузвдонро бо худ гирифта, лаҳзае пас ба дари дафтари кории прокурор ангушт зад.
Ҳошим Бобохон паси оинаи тирезаи барҳаво, ки як чашмакаш кушода буд тамоку дуд медод ва баробари муфаттишро дидан ба сари мизи кориаш баргашта, тамокуи нимсӯхтаро ба хокистардони биринҷие, ки дар як гӯшаи миз меистод гузошта, муфаттишро ба нишастан таклиф кард.
Муфаттиш чун ҳамешагӣ ба курсӣ қариб, ки амонат нишаста, ҷузвдони қоғазини бо худ овардаашро ба гӯшаи мизе, ки худаш рӯ ба рӯяш менишаст гузошт.
Ҳошим Бобохон баъди ҳолпурсӣ аз рафти тафтишот изҳори нигаронӣ намуда, сабабҳои пеш нарафтани коро пурсон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё