Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Муфаттиш сарназоратчии қонунро ба таври мухтасар аз рафти корҳои тафтишотӣ шинос намуда, сари камбудиҳои ҷойдошта низ ҳарф зад.
– Яъне ба ақидаи шумо Боҳир Қаюм медонад кӣ ба ҷони вай қасд намудааст, шуморо дуруст фаҳмидам, – пурсид прокурор.
– Ҳа, дуруст.
– Ин камбудии худи шумост, вайро бовар кунонида натавонистед, ки ҳама гуна хомӯшӣ ва пинҳон доштани номи онҳое, ки қасд ба ҷони ӯ доранд боз ҳам бар зарари худи ӯст.
– Шояд ӯ аз мо боварӣ надорад?
– Ин ҳама суханони беасос. Боварӣ дорад ё надорад, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки Боҳир Қаюм дар бораи қотилони хеш маълумоте дорад. Рафту ӯ дар ҳақиқат ягон чизро надонад чӣ? Охир каманд ҳодисаҳое, ки мардумон қасди ҷони якдигар мекунанд, агар яке барои хун хунбаҳо гирифтан хоҳад, дигаре аз ҳасудӣ, сеюмин аз ҳиссиёти динию мазҳабӣ ва ё авбошӣ даст ба чунин кирдори нолоиқ мезанад.
– Шояд шумо бо вай аз таҳти дил ҳамсуҳбат нашудед. Ё ягон таклифу дархости доштаи вайро рад намудед. Чунин нафарон дили ниҳоят ҳассосе доранд ва аз як сухани ноҷо ҳам меранҷанд. Маҳз ҳамин ҳолат ҳам метавонад нобоварии вайро ба милиса ба прокуратура ва умуман нисбати онҳое, ки дар ҳимояи қонун дасту остин барзадаанд зиёд намояд. Ба ёд биёред, оё шумо нисбат ба ҷабрдида чунин амалеро раво надидаед?
– Ман бо вай дар алоҳидагӣ дар дафтари кориам суҳбат намудам ва боз ҳамроҳи Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов субҳи он рӯзе, ки вайро ба беморхонаи шаҳрӣ хобониданд, дар бинои беморхона суҳбати ғайрирасмӣ доштем. Дар он суҳбат банда қариб, ки иштирок накардам ва бо вай майори милиса Абдумаҷидов суҳбат намуд. Суҳбат қариб, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, вале Боҳир Қаюм иброз намуд, ки ягон ҳодисаеро, ки боиси ба чунин кирдор даст задани рақибонаш гаштааст, ба ёд оварда наметавонад. Дар охири суҳбат Абдумаҷидов хоҳиш кард, ки рафту агар ягон ҳодисаи хурдакакеро, ки боиси малоли хотири ашхосе гардида бошад, ба ёд оварад, ҳатман ба милисаи дар пеши дари палатааш буда хабар диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё