Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Аз он рӯз алакай чор – панҷ рӯз гузашт ва аз Боҳир Қаюм ягон хабаре нест.
– Дар ин муддат худи шумо дигар бо вай вохӯрдед ё не?
– Не.
– Пас чӣ тавр ӯ метавонад ба шумо бовар намояд? Охир вай ҷабрдида аст ва ба мададу дастгирии мо ниёз дорад. Дар асл ин ҷо гуноҳи шумо ҳам нест. Ин ҷо ман гунаҳкорам, ки дар ин як ҳафта аз рафти корҳои шумо бехабар мондам. Шояд Абдумаҷидов ӯро дар ин муддат хабар гирифтааст?
– Не, вай ҳам нарафтааст.
– Ин хело бад аст, дар чор – панҷ шабонарӯз як маротиба аз аҳволи ҷабрдида хабар нагирифтан ин ба ақл рост намеояд.
Боз мехоҳед, ки Боҳир Қаюм бо шумо рози дилашро кушояд.
Аминам, ки боз ягон намуди ҷазои навро нисбат ба вай раво надидаед?
– Ба хотири бехатарии вай ба ҷуз зану фарзандонаш касе ба назадаш даромада наметавонад.
– Вай чӣ?
– Кӣ?
– О ҳамон духтараке, ки он рӯз ҳамроҳи вай аз бинои прокуратура баромада, ба таксие нишаста рафт.
– Субҳияи Шокир?
– Намедонам, вақте ки ман омадам, милитсионери пеши дарро пурсидам, он кас гуфтанд, ки таи ду соат он мард дар долон буду вай духтарак дар ҳузури шумо.
– Ҳа, вай маъшуқааш, вале ба ростӣ вай духтарак ба ман маъқул нашуд.
– Мебинам, ки хатто намудаед.
– Чӣ хел хатто?
– О, чӣ фарқ дорад, ки духтарак ба худат маъқул шуд ё не?
Барои муфаттиш ҳамаи онҳое, ки бо коре ба ин ҷо даъват мешаванд, набояд аз объекти пурсиш, аз объекте, ки муфаттиш ба манфиати кор хабар ба даст меоварад беш бошанд, чӣ тавр шумо ҳамин ҳолатро аз мадди назар дур намудаед?
– Ман ҳамон вақт аз шумо, муҳтарам Ҳошим Бобохонович, хоҳиш намудам, ки парвандаи мазкурро ба ягон корманди таҷрибанок вобаст намоед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё