Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Вақте ки шумо ба ин курсӣ соҳиб шудед, медонистагии хешро кунед, вале аз ман талаб намудани чунин кор бе натиҷа аст. Мо ҳама камбудӣ дорем ва кор ҳам бе камбудӣ намешавад.
Аз камбудиҳои содирнамудаи хеш мо он қадар сабақ мегирем, ки ягон дорулфулун қобилияти онро ба мо додан надорад, мефаҳмед?
– Фаҳмо.
– Дар аввали суҳбат шумо гуфтед, ки ин албатта фикри худи шумост, Боҳир Қаюм медонад, ки аз рақибонаш кадоме ба ҷони вай қасд намуда метавонад.
– Дар ин бора ман фикри хешро ҳатто ба Абдумаҷидов ҳам изҳор намуда будам, вале он кас бандаро дастгирӣ накард, гуфт, ки вай балоро ҳам намедонад.
– Шояд ҳақ ба ҷониби Абдумаҷидов бошад?
– Боҳир Қаюм медонад, ҳамаро медонад, вале гуфтан намехоҳад, шояд ӯ аз ҳаёти наздиконаш хавфе дорад. Ин фикри шахсии ман аст.
– Кӣ метавонад ӯро бовар кунонад то сири дили хеш бурун орад?
– Намедонам.
– Субҳияи Шокир чӣ?
– Мо наметавонем, ки ба хотири гирифтани маълумоте теша ба решаи оилае занем.
– Ба масъалаи мазкур аз нуқтаи назари мантиқ нигоҳ мебояд кард. Дар мизони вақт ҳаёти инсон гузошта шудааст, инсоне, ки худаш то кадом дараҷа будани хатарро дарк намекунад. Мо бошем барои муайян кардани шахсияти онҳое, ки ба ҷони вай таҳдид мекунанд то ҳанӯз дасткӯтаҳем, вале боварӣ дорем, ки худи вай дар ин бора маълумоте ба даст дорад. Сабабаш ҳам чӣ хеле гуфтед: ба хотири таъмини бехатарии аҳли оила. Рафту агар бо худи вай ҳисобашонро баробар намоянд кӣ кафолат дода метавонад, ки аз пайи нест кардани аъзоёни оилаи ӯ намешавад, агар заррае пайхас намоянд, ки онҳо ҳам сирру асрори эшон (ҷинояткорон дар назаранд) бохабаранд. Шумо бошед бо ҳама дониши андухтаатон дар бораи пойдории оила андеша доред?
– Намедонам чӣ гӯям?

пешина
аз 515
навбатӣ