Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба андешаи банда вақти он расидааст, ки мо худи Субҳияи Шокирро ба ин амалиёт ҷалб намоем. Дар ин бора бо вай гуфтугӯ намоед, эҳсосотро бошад то замоне ба гӯшаи фаромушӣ диҳед. Худи ҳозир Субҳияро ёфта вайро ба назди Боҳир Қаюм фиристед… Моро роҳи дигаре ба ҷуз ин роҳ нест ва ё ман роҳи дигареро надида истодаам…

… 36 ...

– Субҳия!
– Бале.
– Чӣ хел шуд, ки ту омадӣ?
– Ин чорум шабонарӯз аст, ки банда гирди беморхонаро ба иҷора гирифтам.
– Наход?
– Ба фикрам суханони маро шӯхӣ мепиндорӣ?
– Ба чашмони хеш бовар намекунам, ин милисаҳо маро зинда ба зинда дар гӯр монданд.
– Беҳуда ту аз онҳо домангир мешавӣ.
– Гуфтӣ рӯзи чорум аст, ки пушти дари беморхонаӣ?
– Ҳа, рӯзи чорум, вале худат ҳатто нуги биниатро нишон додан нахостӣ. Дар сари ман чӣ фикру хаёлҳое наомад, – худро ба оғӯши бемор андохта гуфт духтар. Ба оғӯши беморе, ки то кунун гумон дошт аз пойи равон монда, вале ӯ акнун дар рӯ ба рӯяш рост меистод.
– Субҳияи ман, нозбуи ман, чи қадар ман туро ёд кардам, – мӯйҳои марғулаи духтаро бо панҷаҳояш шона зада лабу даҳонашро бӯсаборон кард бемор.
– Ёд кардию ҳатто боре ба назди тиреза наомадӣ, як маротиба ба замин нанигаристӣ то бубинӣ ин гули нозбуят чӣ ҳол дорад. Ҳатто дар қатори хешовандони наздикат номи бандаро барои ба наздат даромадан сабт накардӣ, – дастонашро дар гардани бемори ба истиқболаш бархоста ҳалқа карда рост ба чашмонаш нигариста гуфт Субҳияи Шокир.
– Ман ду рӯзи аввал пушти тирезаро қариб ба иҷора гирифта будам, вале худатро дар ягон ҷо надидам.

пешина
аз 515
навбатӣ