Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О, дар қуллаи коммунизм гуфта будӣ ба деҳа, ба ҷанозаи Мухтор– ако меравӣ ва мани беақл гумон намудам, ки ту дар деҳа хастӣ. Телефонат намудам, вале ту ҷавоб надодӣ. Ниҳоят ба қалбам оташ даромаду ҳама шарму ҳаёро пеши по зада ба ҷустуҷӯят баромадам ва аз суханони худи ҳамсояҳоят, ки қалби беморамро бишикофт, аз ҳодисаи ба сари ту, азизам, омада бохабар шудам ва чӣ тавре, ки гуфтам чор шабонарӯзи дигар пушти дари беморхона будам.
– Ту гумон дорӣ, ки банда баҳри диданат кӯшише ба харҷ надодам?
– Намедонам, рафту агар кӯшиш мекардӣ, ақалан милисаҳо маро аз пушти дарат пас намегардониданд.
– Ягон милиса дар пушти дар нест, – хандида гуфт Боҳир Қаюм дастонашро аз камарбанди Субҳия раҳо карда.
– Пас оне, ки пушти дарат ҳаст кист?
– Донишҷӯйи таҷрибаомӯз…
– Вале ман мегӯям, ки вай милиса аст, милисае, ки дар ҷомаи табиб қарор дорад ва дар бағалкисааш таппонча дорад.
– Ту инро чӣ хел фаҳмидӣ?
– О, гуфтам, ки ман чор шабонарӯз пушти дарат будам ва кию чӣ будани оламро фаҳмидам, – гӯён ӯ низ дастони хешро аз гардани бемор раҳо намуда, ҷисми ба қавли худаш хастаю абгорашро ба курсие гирифт. Сипас, боз аз ҷой бархост ва он халтаи селофаниеро, ки бо худ оварда буд ба даст гирифта, рӯи дастархони болои миз гузошт…
– Беҳуда худро ташвиш додаӣ?
– Зӯҳро Шафиевна баҳри домодаш самбӯсаи варақин фиристодааст, бехабар аз он ки домодаш набераи якаву ягонаи ӯро ба гӯшаи фаромӯшӣ додааст. Исто, ки ман дирӯз баҳрат хатчае монда будам, вайро гирифтӣ ё не? – пурсид Субҳия.
– Не– ку.
– О, ман хатчаро ба дасти ҳамшираи шафқате дода будам.
– Не, ман нагирифтам, биё беҳтар мешуд, ки аз самбусаҳои овардаат нӯши ҷон мекардем, – гӯён Боҳир Қаюм халтаро болои дастархон чапагардон намуда, худаш самбусаеро аввалин шуда ба даст гирифт ва сипас аз термоси дар як гӯшаи миз буда барои худаш ва барои Субҳия чой рехт.

пешина
аз 515
навбатӣ