Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Рафту ҳозир Шаҳлоҷонат омада монад, чӣ кор мекунӣ?
– Намедонам.
– Маълум, ки то ҳанӯз дилат ба очаи Шаҳлоҷон кашол.
– Ҳоло вақти ин гапҳо нест, беҳтараш аз самбусаҳои варақини хушдомани ман нӯши ҷон намоед.
Субҳия ҳам самбусаеро ба даст гирифта, баъди ҳисобашро бо он баробар намудан аз пиёлаи дар пешаш буда як – ду қулт чой нӯшида гуфт:
– Оё нафаҳмидед, ки чаро шуморо байни ин чор девори бетонӣ, дар зери ҳимояи ҳафт қабат милиса нигоҳ медоранд?
– Онҳо гумон доранд шахсе, ки қасди ҷони ман дорад дер ё зуд ба ин ҷо ташриф меорад.
– Ин танҳо фикри шахсии худат ҳаст.
– Чаро фикри шахсии ман, модоме, ки маро ҳатто ба тиреза наздик шуда намемонанд.
– Ҳамаи инро сабаб он аст, ки онҳо бехатарии худатро мехоҳанд, вале бовар кун ташриф овардани қотилро низ. Қотил девона нест, ки ба ин ҷо омада, ҷони хешро дар бало монад.
Модоме, ки худат вайҳоро ҳифз мекунӣ онҳо ба ягон ҷо шитоб намекунанд. Бо худат ҳисобашонро дар ягон ҷойи дигар ва вақту соати дигар баробар хоҳанд кард.
– Ту гумон дорӣ, ки ман онҳоро медонам.
– Медонӣ ва боз чӣ хел, вале аз ғурури баланд ва ё шояд аз дигар лиҳоз номи онҳоро аз милиса пинҳон медорӣ.
– Не, ин тамоман ба ҳақиқат наздик нест.
– Агар ба хотири фарзандон ё оилаат аз ошкор намудани номи онҳо тарсида бошӣ, ин хатои маҳз аст, чунки онҳое, ки алакай дар хуни ду кас зоминанду як нафарро ярадор намудаанд аз ягон пастӣ рӯй нахоҳанд гардонд. Аз ҳамин хотир ва боз ба хотири ман, ки худатро аз ҷон дӯсттар медорам ва намехоҳам, ки як сари мӯят кам шавад, илтиҷо мекунам ба милиса ёрӣ деҳ, ягон ҳолатро аз онҳо пинҳон накун.
– Чӣ онҳо худатро кафил намуда фиристоданд?
– Дубора ҳамин суханро ба забон оварӣ дигар маро нахоҳӣ дид, аз ҷой бархеста чанд қадаме ба сӯи дар гузошт Субҳия.
– Ист, ту куҷо меравӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё