Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ман бо марде, ки аз тарс ҳақиқатро пинҳон медорад дигар гап надорам, – гӯён Субҳия бехайру хуш аз палата баромад…
– Ист, ист,– гӯён Боҳир Қаюм аз пушти Субҳия давид, вале чун дарро кушод духтарро дар қарибии дари баромадгоҳ дида худ пас гашт…
– Чӣ онҳо худатро кафил намуда фиристодаанд, – ба ёд овард охирин сухани хешро, ки боиси малоли хотири ёраш гашта буд ва афсӯс бар он хӯрд, ки бе андеша сухан гуфт:
Суханро ҷойгаҳ бингар пас он гаҳ гӯ агар донӣ,
Замоне дар таваққуф беҳ, ки умре дар пушаймонӣ.13
«Сазои сари ту барин аблаҳе, ки чи гуфтанатро намедонӣ, бубин бо як сухани ноҷоят қалби онеро ки чор шабонарӯз ба умеди дидорат пушти дарат интизорӣ дошт шикастӣ?» аз дил гузаронд Боҳир Қаюм ва ҳамоно ба тарафи тиреза ҳаракат кард. Не, ӯро дигар тарсе ҳам дар дил набуд, мехост бо ҳар роҳе набошад, дили он оҳуи рамидаашро ба даст биёрад…
Ашрофидухтар баробари аз бино баромадан ба самти дарвоза ҳаракат намуд. Аз он чи ки вай боре ҳам ба сӯи бино дигар назар накард Боҳир Қаюм ба хулосае омад, ки дили духтар маломоли дард аст ва сабабгори ҳама дарди ӯ як сухани ноҷои эшон гашт.
Боҳир Қаюм бо таъби хира аз пушти тиреза қафо гашт ва ҷисми хешро болои бистар партофт. Мавҷи андешаҳо ӯро аз нав дунболгир шуданд…
То андозае ҳақ ба ҷониби ӯст. Хайр чи ки ман номи вайро ба ёд оварда натавонистам. Муҳимаш он, ки милиса аз асли воқеа огоҳ гардад, сипас худаш илоҷашро меёбад, агар ӯ аз пушти номи он дӯсти, дӯсти губернатор намешуд, шояд алакай онҳоеро, ки ӯ дар атрофи роҳи калони ҷангалзори Новокузнетский дида буд, дастгир мекарданд. Не, ҳарчи ки Субҳия гуфт, аз дили соф гуфт ва ман ин сири дили хешро сараввал танҳо ба ӯ бовар мекунам, на ба милисаю на ба прокуратура. Бигузор ӯро ёфта ба наздам оранд ва ман ҳамаашро ба Субҳия хоҳам гуфт, гӯён ӯ боз аз ҷой бархеста пушти дар рафт ва матлаби хешро дар ҳамин намуде, ки дар тафаккураш гузашта буд ба он «донишҷӯйи милиса» баён сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё