Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди панҷ дақиқа ултиматуми
Боҳир Қаюм ба гӯши Абдумаҷидов расид…

… 37 …

– Нет у меня ничего не вышло, – по ба санҷаи дар гузошта гуфт Субҳияи Шокир
– Баръакс нақши ба зимма гирифтаатонро хеле хуб иҷро кардед.
– Вы что, смеётесь.
– Марҳамат, гузашта шинед, худи ҳозир ҳамаашро мефаҳмед, – гӯён муфаттиш курсеро ба Субҳия нишон дода худаш ҳам рӯ ба рӯи вай нишаст.
– Хуш, вайро дидӣ?
– Бале, дидам.
– Дар як нигоҳ ба фикрам қалби вайро дубора шикофтӣ.
– Намедонам, вале ӯ маро кафили милиса номид. Ба ростӣ, ки дилам аз ӯ монд.
– Худи ҳозир боз як маротиба ба он ҷо ташриф оварданат лозим.
– Не, ман намеравам, кӯшед ҳам намеравам, с меня хватить.
– Ором шавед, гуфтам– ку шумо нақшеро бозидед, ки ягон актёр чунин қобилият надорад. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду ӯ шуморо дубора дидан мехоҳад.
– Не, ман намеравам.
– Шумо ҳамчун шаҳрванд вазифадоред, ки дар мубориза алайҳи ҷинояткори саҳм гузоред.
– Не, вай маро шояд хабаркаши милиса гумон кард.
– Кафил ин ҳаргиз маънои хабаркашро надорад, кафил пеш аз ҳама дипломат аст.
– Барои ман фарқаш нест модоме, ки худи вай некиро намефаҳмад.
– Вале шумо дар як вохӯрии на чандон тӯлонӣ чашми вайро кушодед.
– Чӣ хел чашмашро кушодам?

пешина
аз 515
навбатӣ