Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Намедонам, вале баъди аз беморхона баромадани шумо вай ба милиса ултиматум мондааст, ки он асрори ниҳони хешро танҳо ба шумо мекушояд ва алакай милиса худатро кофта гаштааст.
– Кӣ гуфт?
– Майори милиса Абдумаҷидов.
– Ана шумо дар куҷойед? Мо бошем ҳамаро ба по хезонида…
– Марҳамат, марҳамат, – аз ҷой ба истиқболи шахси аз берун даромада истода бархеста гуфт Фурӯғи Шариф ва Субҳияи Шокир низ дилу бедилон аз ҷой бархест.
– Субҳиябону шинос шавед: ин кас Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов.
– Акбар Ҳакимович, ин кас Субҳиябону ҳамон духтараке, ки шумо ба ҷустуҷӯяш бархестаед, вале ман гуфтам, ки Субҳиябону бояд ба ин ҷо биёяд. Марҳамат, моҳияти корро худи шумо гап занед.
– Ним соат пештар аз беморхонаи шаҳрӣ тариқи мухобира хабар доданд, ки Боҳир Қаюм медонад кӣ қасд ба ҷонаш дорад, вале ин асрори хешро танҳо ба Субҳия мегӯяд, – суханашро ба анҷом расонида ба курсие паҳлуи Субҳия дар рӯ ба рӯи муфаттиш нишаст Абдумаҷидов.
– Субҳия – бону Акбар Ҳакимович корманди милиса аст ва мо ҳарду якҷоя аз рӯйи ҳамон ҳодисаҳои дар маҳаллаи шумо рухдода кор карда истодаем, хоҳиш мекунам, ки ба Акбар Ҳакимович ҳам мисли оне, ки ба ман боварӣ доред бовар намоед.
– Ман алакай ҳамашро ба шумо гуфтам.
– Ҳоло вақти баҳси мову шумо нест, беҳтар мешуд, ки ҳамаи мо аз як гиребон сар бароварда, кори хайреро анҷом медодем. Шахсан ман чунин мепиндорам, ки маслиҳати мо алакай пухтааст. Аз он чи ки Боҳир Қаюм асрори дилашро танҳо ба шумо кушоданист ин пеш аз ҳама эҳтироми беандозаи вай нисбат ба шумост.
– Муносибати шумо ва Боҳир Қаюм дар кадом поя қарор дорад, мо намедонем, вале аз ултиматуме, ки вай пешниҳод намудааст, моро дигар чорае нест ба ҷуз оне, ки аз шумо ёрӣ пурсем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё