Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Хоҳиш мекунам ба хотири рӯҳу арвоҳи он ҷавоне, ки ба ҷои Боҳир Қаюм тирро ба синаи хеш гирифт боз як маротиба ба назди Боҳир Қаюм равед, не дурустараш шумо розӣ шавед мо худамон шуморо ба он ҷо мебарем, – гуфт Абдумаҷидов
– Рафту ин ҳама бофтаи хаёлоти шумо бошад чӣ? Не ман то аз забони худаш таклифро нашунавам пой бар остонаи беморхона нахоҳам гузошт.
Абдумаҷидов ба ШКД занг зада моҳияти корро фаҳмонида дод ва баъди панҷ дақиқа занги телефони дафтари кории муфаттиши прокуратура садо дод. Фурӯғи Шариф гӯшакро бардошта худро муаррифӣ намуда, сипас гӯшакро ба Субҳия дода гуфт:
– Марҳамат гап занед…
– Субҳия ин ман, мешунавӣ?
– Модоме, ки сухани ман баҳри худат қимате надошта бошад, чи лозим буд…
– Тезтар биё, ҳамаашро ба ту мегӯям, танҳо ба ту…
– Шояд омадани ман лозим набошад?
– Ман интизори омаданат ҳастам…
– Майлаш, интизор шав, – гӯён Субҳия гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Аслан Боҳир Қаюм чӣ гуфту чӣ не муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нашуниданд, вале аз охири сухани Субҳияи Шокир ба хулосае омаданд, ки ӯ барои дубора ба назди Боҳир Қаюм рафтан зид нест.
– Ман розӣ ниҳоят овоз рушан кард Субҳия ва гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошт.
– Бисёр хуб.
– Шояд маро бо ягон системаи техникӣ муҷҷаҳаз карданӣ бошед, – хандида гуфт Субҳия ва аз табассуми зебои вай ҳозирин ба хулосае омаданд, ки Боҳир Қаюм тариқи гуфтугӯи кутоҳи телефонӣ тавонистааст, ки ғуборро аз дили вай бурун созад.
– Мо худатро ба ҷанг фиристоданӣ нестем, ки бо яроқ муҷҷаҳаз гардонемат, – гуфт Абдумаҷидов.
– Бо диктофон чӣ?
– Ба фикрам филмҳои дедективиро бисёр дӯст медорӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё