Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳа, ба ман аслан ҳамаи филмҳои моҷароӣ маъқуланд.
– Не мо худатро бо диктофон ҳам муҷҷаҳаз карда наметавонем.
– Чаро?
– Чунки мо аз шумо боварӣ дорем. Боварӣ дорем, ки аз ҳамин лаҳза шумо мисли худи мо чун сипар дар муқобили олами ҷиноӣ рост мешавед ва як сухани шумо барои мо қурби ду касетаи диктофонро дорад, – гуфт Абдумаҷидов.
– Ташаккур.
– Набошад ба пеш, – гӯён Абдумаҷидов аз ҷой бархест.
Баъди бист дақиқа автомашинаи милиса Субҳияи Шокирро дар рӯ ба рӯи беморхона фаровард.
… 38 …
– Шояд мо ӯро бо диктофон муҷҷаҳҳаз мекардем? – баъди гусели Субҳияи Шокир пурсид муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф аз ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов.
– Лозим нест.
– Ман ҳеҷ чизро нафаҳмидам. Духтарак худаш ба забони ҳол омад, вале шумо Акбар Ҳакимович ӯро дастгирӣ накардед.
– Рафту ӯ ба Боҳир Қаюм бо ягон роҳ мефаҳмонд, ки гапатро дониста гӯй вагарна ҳамааш дар диктофон сабт мешавад, пас чӣ мекардем?
– Чӣ хел ӯ аз мо диктофон пурсаду боз ба Боҳир Қаюм хабар медодааст.
– Ӯ аз мо баҳри он диктофон пурсид, ки мехост донад мо дар ин бора чи андеша дорем. Ҳамаи ин натиҷаи тамошои филмҳои Ғарб аст ва гумон мекунам, ки Субҳия аз он филмҳо таҷрибаи бузурге андӯхта. Рафту мо ба ӯ диктофон медодем, онҳо ҳаргиз беибо гап намезаданд.
– Ба ҳар ҳол ман ба анҷоми неки амалёт шубҳа дорам.
– Ҳар он чи ки дар дег ҳаст, дар кафлез хоҳад баромад.
– Гумон доред, ки Субҳия ҳамаи гуфтаҳои Боҳир Қаюмро ба самъи мо омада мерасонад?
– Ба фикрам ҳамин хел мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё