Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нашавад чӣ?
– Дар он сурат шарҳи аслии воқеаро аз худи сарчашмаи асосӣ мегирем.
– Аз Боҳир Қаюм?
– Бале.
– Агар Боҳир Қаюм баҳри оштӣ шудан бо Субҳия ин нақшаро пешбинӣ карда бошад чӣ?
– Дар он сурат ӯ Субҳияро аз даст медиҳад.
– Ин фикри шахсии шумост.
– Ба пиндори банда агар Субҳия камтар ору номус дошта бошад, дурӯғи дуюмбораи вайро намебахшад.
– Барои ҳамин ба ӯ диктафонро бовар кардан лозим буд.
Абдумаҷидов вазъи кунунии муфаттишро мефаҳмид. Аз он чи ки Фурӯғ Шарифро дар сар буд, ӯ медонисту Худо. Бо ҳама навкорию бетаҷрибагӣ ӯ чун сарвари гурӯҳи тафтишотӣ масъулияти баландеро дар дӯш дошт, вале ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ низ аз масъулият худро канор гирифтанӣ набуд.
Ба замми ин ӯ наметавонист сирри идораашро ба муфаттиш ошкор намояд. Бечора муфаттиш аз куҷо медонист, ки аз лаҳзаи ба палатаи ҳафтуми беморхонаи шаҳрӣ хобонидани Боҳир Қаюм милиса тамоми гуфтугӯе, ки дар палатаи мазкур рух медиҳад ба лентаи овоз сабт мекунад ва яке аз сабабҳои дар ин чанд рӯз ба беморхона нарафтани Абдумаҷидов ҳам дар ҳамин аст, чунки ӯ корманди оперативист ва аз ҳамаи воқеоти дар беморхона руҳдодаистода огоҳ…
Абдумаҷидов бошад наметавонист гӯяд, ки аз лаҳзаи аввали ба беморхона хобонидани бемор бо амри Воҳид Камол донишҷӯ – милитсионер Ёсин Сафо дар пояи мизи таомхӯрӣ тугмачаи қабули сабти овозро14 маҳкам кардааст ва тайи ҳамин муддат автомашинаи тамғаи «ВАЗ 2107», ки бо асбобҳои сабти овоз муҷҷаҳаз асту дар масофаи дусад метр дуртар аз беморхона лангар партофтааст, ҳамаи гуфтугӯи дохили палатаро сабт мекунад. Не, майори милиса ҳаргиз ин сирри идораашро ба касе бовар намекард, новобаста аз он, ки ба Фурӯғи Шариф, ба он духтараки резапайкар, ки ба муқобили олами ҷиноӣ чун худи вай ва боз садҳо чун вай дасту остин барзада буд. Аслан тугмачаи мазкур аз тарафи дигар ба бехатарии худи Боҳир Қаюм равона шуда буд…

пешина
аз 515
навбатӣ