Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Шумо ҳама корро ба дил наздик нагиред, ҳамааш нағз мешавад, – гуфт майори милиса.
– Кӯшиш мекунам.
– Набошад ба ман рухсати рафтан медодед?
– Шояд омадани Субҳияро интизор шавед.
– Интизор мешудам, вале ба ин ҷо шитобида, овардани мактубро аз Боткент фаромӯш намудам. Бисёр мехостам онро ба шумо нишон диҳам.
–Беҳад минтапазирам, аммо ман намехоҳам, ки шумо равед, моҳияти мактубро бошад ҳамин хел ҳам фаҳмидан мумкин?
– Албатта.
– Дар Боткент нисбат ба Қобилов Некрӯз Хайрович чӣ андеша доштаанд?
– Суди шаҳри Боткент ӯро ҳамчун шахси бе ному нишон гумшуда эътироф намудааст.
– Аз кай боз?
– Се сол боз.
– Пас тайи ин се сол ӯ дар Тоҷикистон будааст?
– Аз рӯйи маълумотҳои тахминии Қобилов муддате дар Ҷумҳурии Исломии Покистон сабақ гирифта, аз ҳамон ҷо гум шудааст. Мақомоти амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон бар он ақида будаанд, ки Қобилов шомили кадом як гурӯҳи террористие гардидааст, ки гурӯҳ дар минтақаи Кавкази Шимолӣ фаъолият менамудааст.
– Баҳри ин онҳо ягон далел пешниҳод намудаанд?
– Не.
– Дар масъалаи вай таппонча то кунун ягон хабаре нест, ба фикрам ба мактуби мо ба наздикӣ ҷавоб нахоҳад омад.
– Ҷавоби аслии мақомоти Руссия аз суханони зерин беш нахоҳад буд.
– Чӣ хели сухан?
– О, ман дар суҳбати гузашта гуфта будам, ки «война все спишеть».
– Яъне онҳо хоҳанд гуфт, ки таппончаи мазкур дар амалиётҳои Кавкази Шимолӣ гум шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё