Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бале ҷавоби расмӣ аз ин беш нахоҳад буд, рафту агар таппончаро аз анбор ҳам фурӯхта бошанд?
– Ба ҳар ҳол пайвастагие дар он таппонча ва террористӣ дар ҷустуҷӯ буда ҳаст, ё гапам нодуруст?
– Не, дуруст. Кавказ, террорист ва таппонча, всё сходиться.
– Намедонам, вай Субҳияи Шокир бо ошиқаш дар чӣ вазъ бошанд?
– Ба ронанда фаҳмондам, ки вайро интизор шавад ва боз рост ба ҳамин ҷо гирифта биёрад.
– Пас мо ба тановули нисфирӯзӣ ҳам рафта наметавонем?
– Тановули нисфирӯзиро дар ҳамин ҷо ташкил мекунем, – гӯён Абдумаҷидов аз ҷой бархест…

... 39 …

– Боз ин чӣ қилу қол аст? – баробари пой ба остонаи палатаи ҳафтуми беморхонаи шаҳрӣ гузоштан гуфт Субҳияи Шокир.
– Ҳа, Субҳияи ман, хайрият, ки омадӣ,– аз болои бистар нияти хестан намуда гуфт Боҳир Қаюм.
– Барои хестан ташвиш накаш, ман вақти бо худат суҳбат кардан ҳам надорам.
– Ин хел нагӯ. Охир ман аз рӯйи худат шуда…
– Ба милиса ултиматум мондӣ?
– Ҳа, барои ин ман асос ҳам дорам.
– Чӣ хел асос?
Боҳир Қаюм ба нею нестони Субҳия нигоҳ накарда, қоматашро рост намуда, чанд қадам ба тарафи духтар, ки ҳанӯз пушти дар рост меистод гузошт.
– Илтимос наздик нашав.
– Чаро?
– Чунки ин даъфа ман бо ихтиёри худ наомадаам.
– Медонам.
– Медонӣ, вале бо хабаркаши милиса наздик шудан мехоҳӣ.
– Кӣ гуфт, ки ту ҷони ширин хабаркаши милисаӣ?
– Магар фаромӯш намудӣ, ки маро кафили милиса гуфтӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ