Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Барои ҳамин як сухан ту ранҷидӣ?
– Новобаста аз он ки зан мисли шароб гарм мекунад, ӯро қалби нозукест чун гул, ки аз сардии кам ҳам пажмурда мешавад, ях мекунад, аз нашъунамо мемонад…
– Маро бубахш.
– Бахшидан ё набахшидани ман магар тири аз камон ҷастаро бозмедорад?
– Ҳамааш гуноҳи ман шуд. Ман худро сафед карданӣ ҳам нестам, вале ба лутфу марҳамати ту ҷони азиз умед мебандам.
– Ҳамагӣ соате пештар маро дар алоқа бо милиса гунаҳкор карданӣ шудӣ ва боз чӣ гап шуд, ки аз милиса ёрӣ талаб намудӣ. Маро милисаҳои мегуфтагиат чун дузд дастгир карда оварданд, гап зан…
– Ман аз куҷо медонистам, ки ту ин қадар тез меранҷӣ.
– Агар худатро ягон кас хабаркаши милиса гуфта монад намеранҷӣ?
– Намедонам, вале ман туро на хабаркаш, балки кафил гуфтам ва кафилро аз хабаркаш фарқ аз замин то осмон аст.
Агар бовар накунӣ рафта аз ягон кас пурс.
– Хуш, аз ман чӣ мехоҳӣ?
– О, марҳамат, аввал гузашта шин.
Субҳияи Шокир аз пушти дар ба тарафи мобайни палата ҳаракат намуда, сари мизи таомхӯрӣ болои ҳамон курсие, ки соате пештар менишаст, ҷисми ба қавле лакоту хастаи хешро гирифта, гӯшу ҳуш ба сӯи мусоҳибаш дода гуфт:
– Хайр ана нишастам, гап зан…
– Ман танҳо дар ҳолате хоҳам сухани дили хеш ифшо намудан, ки ту бар гузашта салавот гӯй.
– Хайр бар гузашта салавот.
– Яъне, ки маро бахшидӣ?
– Гуфтам– ку бар гузашта салавот.
– Ин ҳанӯз кам аст.
– Ман худатро не, ту маро ба ин ҷо даъват намудаӣ ва ба ҳаминаш ҳам шукр намо, ки ман гашта омадам.
– Омадӣ ё туро оварданд?
– Ба фикрам инаш чандон аҳмият надорад ва худат медонӣ, ки милиса дар асоси ултиматуми худат маро ба ин ҷо овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё