Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ту ба милиса гуфтаӣ, ки дар бораи оне, ки қасди ҷонат дорад медонӣ, вале сухани аввалинро дар ин бора на ба милиса, балки ба арӯсшавандаат мегӯӣ ва чӣ хеле, ки дидаистодаӣ ҳамон духтараки беақл, ки ба худат дил додааст дар рӯ ба рӯят боз чӣ мехоҳӣ?
– Дигар ягон чиз, вале ба чашмони хеш бовар намекунам, ки ту ҳамон Субҳияи ман, ҳамон нозбуи зебои ман, бошӣ, – гӯён Боҳир Қаюм хам шуда рухсораҳои духтарро бӯсаборон намуд.
– Хайр шуд, ягон кас даромада монад, чӣ мегӯяд? – эътироз намуд Субҳия.
– Ҳеҷ кас намеояд, агар ояд ҳам, маро ғаме нест.
– Шаҳлоҷон ё очааш биёянд чӣ?
– Боке нест, аз дусар ман туро ба никоҳи хеш медарорам.
– Вале ман гуфтам, ки зани дуюм шудан намехоҳам, ё нагуфтам?
– Не, гуфтӣ ва бандаро то наврӯз муҳлат ҳам додӣ.
– То наврӯз бошад камтар аз ду моҳ вақт мондааст, вале намедонам, худат чӣ фикр дорӣ.
– Барои ҳамин ҳам худатро даъват намудам, ки ба ҳамаи ин кор нуқта гузорем.
– Ба кадом кор? Оё гуфтани нестӣ, ки дигар ман ба умеди худат нашавам.
– Не, албатта. Ин ҷо масъала тамоман дигар аст.
– Майлаш ман розӣ, ки аввалин шунаванди он суханони сеҳрноки худат шавам.
– Ба ёд биёр, ки кай бори охирон ман аз Россия баргаштам?
– Ба фикрам се рӯз пеш аз соли нав.
– Аниқтараш.
– Субҳи 29– декабр. Дар нимаи дуюми рӯз бошад мо ба қуллаи коммунизм рафтем. Ҳа, субҳи 29 –декабр. Худат аз фурудгоҳ телефон намуда гуфти, ки соатҳои чордаҳ дар зери қулла вомехӯрем.
– Ана ҳамааш аз ҳамон Россия оғоз шуд, мефаҳмӣ?
– Чиро?
– Ҳамаи ҳамин тирпарониву қасд гирифтанро ман аз ҳамон сафари охирини хеш мебинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё