Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ту чӣ дар он ҷо ягон гуноҳ содир намудӣ?
– Не, албатта. Ба замми ин аз замоне, ки ман бо ту шинос шудам, ба зиндагӣ дигар хел менигарам.
– Чӣ хел дигар хел?
– Акнун ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки худро баҳри ту ҷони ширин ҳифз намоям, мефаҳмӣ?
– Мефаҳмам, вале баъди суханони имрӯзаат қариб, ки дилам аз ту монда буд.
– Фаромӯш насоз, ки бар гузашта салавот гуфтӣ!
– Ҳа, бале.
– Ман тайи як ҳафта дар ин ҷо хеле фикр намудам. Ба қавле қариб ҳамаи онҳоеро, ки метавонистанд қасд ба ҷонам намоянд, на як бору ду бор аз ғалбели хотиротам гузаронидам.
Албатта, чун ҳама одамон банда ҳам нафс доштам ва чӣ хеле ки худат медонӣ, замоне ғуломи нафс ҳам шудам, вале ҳамаи пасту баландиҳои дар зиндагӣ дидаамро пеши назар оварда, ба хулосае омадам, ки ба касе чунин бадиеро раво надидаам, ки ба ивазаш сари маро аз танам ҷудо созад.
– Пас ин ҳама тасодуф аст?
– Не, албатта. Ҳамааш аз он сар шуд, ки баъди шиносоӣ бо худат банда ба спорт машғул шудам. Хайр худат бояд фаҳмӣ, ки ба кадом хотир.
– Метарсам, ки маро гунаҳкор мекунӣ,– табассуми латифе намуда гуфт Субҳия.
– Баъди шиносоӣ бо худат банда ҳар субҳ на камтар аз шаш километр роҳро тай мекунам. Дурустараш ҳамин масофаро медавам. Баъди шиносоӣ бо худат дар рӯзҳои аввали даҳаи дуюми моҳи декабр банда ба шаҳри Новокузнетскийи Федератсияи Россия рафтам. Як нисфирӯзӣ дар ошхонаи заводи металлургии шаҳри номбурда бо ҷавоне вохӯрдам. Он кас номашро ҳам гуфт, вале ман номи вайро тайи ҳамин як ҳафта ба ёд оварда натавонистам. Хуллас ҳамин шахсро як субҳ ман ҳамроҳи як нафари дигар дар канори ҷангали шоҳроҳи шаҳри Новокузнетский дидам. Онҳо аз тарафи ҷангал ба сӯйи роҳи калон, бо ду ҷомадони вазнин ҳаракат доштанд. Ҳар чанд он ҷавон маро шинохт, вале худро ба нодонӣ зада вонамуд кард, ки маро надидааст. Нафари дуюмаш ҳам маро дида суръати ҳаракаташро суст намуд.

пешина
аз 515
навбатӣ