Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ин ҳодисаро ҳам ба ёд оварда наметавонистам,
агар ба ёд намеовардам, ки дар ҳамон самти ҷангал сухтори автомашинаеро дар масофаи дусад ё шояд зиёдтар метр дидам.
Ҳамааш боқӣ ихтиёр турост.
– Ту дар он сари субҳ дар атрофи ҷангал чӣ мекофтӣ?
– Медавидам гуфтам –ку, медавидам.
– Ана, дар ҳамин бора ба милиса гуфтугӯ намо фаҳмо?
– Фаҳмо…
... 40 …

– Бунафша!
– Бале.
– Туро шамоли куҷо парронд?
– Шояд шамоли Шарқ бошад.
– Марҳамат гузар.
– Ба ростӣ вақти истодан ҳам надорам.
– Шояд як пиёла чой гирем?
– Ман аслан барои ҳамон пулҳо омадам.
– Аз он пулҳои овардаат ҳатто як сент намондааст.
– Ну тогда мы точно влиплись.
– В чего влиплись?
– В дермо, понила, в дермо и это всё из за тебя.
– Ту чиҳо мегӯӣ Бунафша, о ман кӯшидам, ки супориши вайҳоро иҷро намоям, вале нашуд. Вай бемори лаънатиро дар зери ҳафт қабат симхор нигоҳ медоранд.
– Модоме, ки чунин буд чаро пулро харҷ намудӣ?
– Охир ман аз куҷо медонистам, ки ба назди вай лаънатӣ даромадан имконият надорад.
– Ман бошам ба худат бовар намудам, хостам дар зиндагӣ дастат гирам.
– Ман ҳатман он пулро бармегардонам.
– Онҳо ҳамагӣ се соат ба ман вақт доданд, ё пулро бармегардонӣ ё…
– Ё чӣ…
– Гӯё ки намедонӣ.
– Шояд ба онҳо фаҳмонӣ, ки боз ду – се рӯз ба ман муҳлат диҳанд.

пешина
аз 515
навбатӣ