Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман мегӯям, вале намедонам онҳо қабул мекунанд ё не?
– Хайр як кӯшиш кун, ҷонам шавӣ.
– Онҳо мехоҳанд ба ин кор дигар касро ҷалб намоянд.
– Аз персионали тиббӣ?
– Намедонам.
– Бунафша ҷонам шавӣ, вазъи маро худат мефаҳмӣ, як кӯшиш намо.
– Майлаш ман ба онҳо мефаҳмонам, вале мегӯям, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, андеша намо.
– Маро роҳи бозгашт нест, мефаҳмӣ…
– Майлаш ман рафтам, рафту агар барнагаштам ҳисоб намо таклифи худатро пазируфтанд.
– Ҳа, ҷонам шавӣ, ҳамин хелаш беҳтар, аз фардо ман боз сари ҳамон супориш мешавам.
– Ба онҳо шӯхӣ намудан, нашояд. Шӯхӣ ба онҳо ин баробари бо шохи гов бозӣ кардан аст.
– Ман кӯшиш мекунам.
– Дар амони Худо монӣ, – гӯён Бунафша аз дар баромад…
Соро боз танҳо монд, танҳо бо андешаҳои хеш. Ӯ дурӯғ гуфт, ки пулҳоро харҷ намудааст, фақат онҳоро додан нахост.
Баъди ду талоши ба палатаи ҳафтум даромадан намудан фаҳмид, ки зури беҳуда миён мешиканад. Ба замми ин боз вай Ёсин ҳам аз он ҷо рафт. Бо панҷ ҳазор доллар кадомҳое марги беморро аз палатаи ҳафтум хоҳонанд…
Як чиз ҳанӯз барои вай нофаҳмо буд: чаро онҳое, ки қасди ҷони бемор аз палатаи ҳафтум намуданд тариқи Бунафша ба вай муроҷиат намуданд. Дар ҳодисаи мазкур худи Бунафша чӣ нақше дорад. Суханони вай ну тогда мы точно влиплись чаро дар шакли ҷамъ гуфта шуд.
Чаро ту нагуфту мо гуфт?
– Эҳтимол ними он пулро худи Бунафша гирифтааст, аз дасти чунин бузичаҳо ҳама кор меояд. Пулро ду тақсим намудаасту ман бояд корро танҳо иҷро намоям. Не, агар имконият мешуд, ман кайҳо аз иҷрои супориш гузориш медонам.
– Ба кӣ?
– Ба Бунафша.

пешина
аз 515
навбатӣ