Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чанд моҳ ба ӯ шиносаму қариб ҳеҷ чиз дар борааш намедонам, тёмная лошадка.
Соро аз байни китобҳои дар ҷевон буда, ки зери гарду чанг мехобиданд он пулҳоро ки сурати Линколнро доштанд берун овард, шумурд ҷамъ панҷоҳ дона ва боз ҳамаро ба ҷояш гузошт. Чашмонаш дурахшиданд, не ман ин пулҳоро ба касе нахоҳам дод бо ягон роҳ он доруро ба бемор хоҳам дод, тамом ва салом…
– Ақалан боз як маротиба ба хотири ман бо дугонаат гуфтугӯ намо, – роҳравон ба ёд овард Бунафша суханони шомгоҳии дишабаро.
Хайр, ана омадам, гап задам, вале ҳамааш аз бад бадтар шуд. Дишаб ба вай гуфтам, ки Соро як тангаи онҳоро гум накардааст, бехабар аз он ки дар дасти Соро акнун як танга нест. Даст – дастро мепурсад, вай пулро ба ман дод, ман ба Соро. Мардумон беҳуда намегуфтанд, ки бовар накун ба дӯстат, коҳ ҷой кунад дар пӯстат. Не, ин Соро дар ҳақиқат ақлашро хурдаасту ман бехабар. «На хӯрда, на бурда, бигирад дарди гурда» – барин шуд. Чӣ тавр вай фикр накардааст, ки бе иҷрои кор пулро гум намудан хатарнок аст. Дар ин ҷода акнун худи ман гунаҳкорам, ки ба суханҳои подарҳавои Фаррух дода шудам. Бубин, муҳаббати ӯ маро ҳам кур кард ва чӣ тавр худро ба банд андохтанамро нафаҳмидам. Акнун ман ба Фаррух чӣ мегӯям? Гӯям, ки Соро пулҳоро гум кардааст?
– Не, нашуд? Фаррух ҳамоно аз ман рӯй хоҳад гардонд ва ҳар ҳоле, ки ман қарор дорам, чунин амал ба шармандагӣ меорад.
Дар ҳоле, ки ман қарор доштам, дигар чи ҳам метавонистам кардан, ба ҷуз сухани Фаррухро пазируфтан…
Хиёнатҳои пинҳон мекашад охир ба расвоӣ, Ки дузди хонагиро шаҳна дар бозор мегирад,15 ба ёд овард ӯ каломи борҳо аз забони муаллим шунидаашро ва афсӯс хӯрду афсӯс…
Бунафша акнун фаҳмид, ки муҳаббатҳои пинҳонӣ ӯро то ба куҷо тела додааст. Ба суханони Фаррух гӯш дода, ӯ худ ба рехтани хуни нафаре розигӣ дод. Эй Соро, Соро туро кадом модар бо ин нафси калон ба дунё овард?

пешина
аз 515
навбатӣ