Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бунафша ба ёд овард суханони ҳафтае пеш гуфтаи Фаррухро:
– Бунафша оё дар байни дугонаҳоят ҳаст табиб ё ҳамшираи шафқате,ки ба ивази пули калон ба хуни ноҳақ даст занад?
Бунафша бе ягон истиҳола номи Сороро ба забон овард ва ҳамаи бадбахтиҳо аз ҳамон лаҳза сар шуд…

… 41 …

Новобаста аз он, ки Боҳир Қаюм ному насаби он ҳамдиёри шиносашро, ки субҳи 22–юми декабр дар ҷангали атрофи шоҳроҳи Новокузнетский – Новосёль дида буд ба ёд оварда натавонист, вале нишондоди вай як такони бузурге дар тафтишот ҳисоб меёфт…
Қимати зар заргар бидонад гуфтагӣ барин қимати нишондоди Боҳир Қаюмро Абдумаҷидов ба хубӣ дарк намуд. Абдумаҷидов бори дуюм буд, ки ҳарду сабти овози Боҳир Қаюмро гӯш мекард. Сабти дуюм дар нисбати сабти аввала (сабти Боҳир Қаюм бо Субҳия дар назар аст) ҳамагӣ ду калимаи нав илова шуда буд, ин ҳам бошад калимаи Новосёль ва калимаи дӯсти дӯсти губернатор.
Абдумаҷидов тугмачаи диктофонро зер намуда суҳбати аввалаи Боҳир Қаюмро каме ҳам бошад ба қафо тоб дод ва аз сари нав тугмачаи дигареро зер намуд.
– Ту дар он сари субҳ дар атрофи ҷангал чӣ мекофтӣ?
– Медавидам, гуфтам– ку медавидам.
– Ана, дар ҳамин бора ба милиса гуфтугӯ намо фаҳмо?
– Фаҳмо.
Ба ҳамкорӣ розӣ шудани Боҳир Қаюм ин пеш аз ҳама ҷаҳду талошҳои Субҳияи Шокир буд.
– Ғурури нозарурамро худо гирад, – баробари аз назди бемор баромадан гуфт муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф .
– Шуморо нафаҳмидам.
– Ман агар ба мулоқоти ин ду дилдода монеъ намешудам, шояд кайҳо ин муаммо ҳалу фасл мешуд.
– Ҳама кор вақту соат дорад ва шумо тарзе рафтор намудед, ки қонун талаб мекунад.

пешина
аз 515
навбатӣ