Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, ман аслан зидди он будам, ки ин ду дилдода боз ҳам рӯ ба рӯй шаванд, вале Ҳошим Бобохон рафтори бандаро напазируфт.
– Чунки Ҳошим Бобохон таи солиёни зиёде муфаттиш буд ва нағз мефаҳмад, ки барои ба даст овардани натиҷаи кор аз баъзе ҳолатҳо чашм пӯшидан лозим…
Пурсиши Боҳир Қаюм, ки дар нимаи дуюми рӯз дар беморхонаи шаҳрӣ ба вуқуъ пайваст, самти тафтишотро метавонист ба куллӣ тағйир диҳад. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки Боҳир Қаюм дар қасди ҷони хеш онҳоеро гумонбар буд, ки дар шоҳроҳи автомобилгардӣ Новокузнетский –Новосель дида буд.
Ба таври дигар гӯем нуги гиреҳе, ки ҳамаи ин муаммоҳоро рӯйи саҳна оварда буд, ҳазорон фарсах дур, аз ҷойи асли воқеа, аз он ҷойе, ки Мухтор Ҳайдарро парронда буданд, ҷӯстан лозим меомад. Барои ин лозим меомад, ки як ё ду нафар корманди милиса то ба худи Новокузнетский сафар намояд. Гап дар сари сафар ҳам набуд, вале…
Баъди пошхӯрии собиқ СССР боз ҳамон сохтори бюрократӣ боқӣ монда буд. Ҳарчанд дар масъалаи ҳамкорӣ миёни аксари собиқ ҷумҳуриҳои советӣ сотсиалистӣ созишномаҳо ба имзо расида буданд.
Онҳое, ки ҳуқуқи ба дигар ҷумҳуриҳо фиристодани кормандро доштанд, бе далелҳои боэътимод ҳаргиз ба ҳуҷҷатҳои оне, ки азми чунин сафар дорад розӣ намешуданд. Баъзан инро аз набудани маблағ арзёбӣ намоянд, баъзан аз рӯйи ҳавою ҳавас мақоми худро нишон доданӣ шуда, ду пойро дар як мӯза андохта исбот намудан мехостанд, ки чунин сафар ба хазинаи давлат ҳазорон сомонӣ зарар меорад, ҳол он ки барои кори ночиз ва нолоиқе баҳри хеш ва хешу таборони худ то ба он гӯшаи дунё шаҳодатномаи хизматӣ мегирифтанд. Абдумаҷидов на як бору ду бор бо чунин бюрократҳои хонасалот, ки хонаи давлатро ба пушташ гардонида буданд, рӯ ба рӯ шуда буд ва баъди вохӯрӣ бо Боҳир Қаюм ба хулосае омад, ки чунин як муноқишаи бузург дар пеш аст…
Ба дерии вақт нигоҳ накарда майори милиса Абдумаҷидов дар дафтари кориаш сари ҳамин масъала майна об мекард. Ӯ нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷӯиро аз рӯйи ҳолатҳои нави кор тарҳрезӣ намуда, дар асоси он назарияҳои нави ҷустуҷӯиро ба нақшаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷойгир намудан мехост.

пешина
аз 515
навбатӣ